Ҳуқуқ ва шарафи пиронсолон дар шароити пандемия COVID-19 бояд ҳифз шавад
Аланна Армитаж
Дар саросари Аврупо, аз Испания то Сербия, хонаҳои пиронсолон ба макони сирояти вируси COVID-19 табдил ёфтаанд. Мувофиқ ба маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, нисфи ҳодисаҳои фавт аз сирояти коронавирус дар Аврупо миёни бошандагони муассисаҳои нигоҳубини дарозмуддат рост меояд.
Ин ҳодиса ба ман таъсири сахт мерасонад, зеро он далели фоҷиаи тасаввурнашавандае мебошад, ки дар пеши чашмони мо рух медиҳаду диққати ками мардум ба он ҷалб шудааст.
Одамони куҳансол дар хонаҳои пиронсолон танҳо як ҳиссаи ночизи аҳолиро ташкил медиҳанд — танҳо 1 фоизро, масалан дар Олмон, кишваре, ки дар Аврупо дорои шумораи зиёди катҳо дар хонаҳои ҳамширагӣ ба ҳар сари аҳолӣ мебошад. Ин далел моро ба ҳайрат мегузорад, ки чӣ тавр ҳолатҳои фавт аз вирус миёни бошандагони хонаҳои пиронсолон ба вуҷуд омадааст.
Умуман, пандемия ба одамони пиронсол таъсири хеле бад мерасонад. Онҳо хатари зиёдшавии бемории вазнини COVID-19-ро доранд ва тақрибан 95%-и фавт дар байни одамони синнашон аз 60-сола боло ба назар мерасад. Ин яке аз сабабҳоест, ки чаро Аврупо, минтақае, ки дорои аҳолии куҳансолтарин дар ҷаҳон аст, пандемияро бо чунин оқибатҳои шадид дар ҳудуди худ дида истодааст. Пиронсолон на танҳо ба буҳрони саломатӣ дучор мешаванд, балки канораҷӯӣ аз якдигар онҳоро ба дигар мушкилот чун маҳрум шудан аз парасторон ва хизматрасониҳои зарурӣ меоварад.
Одатан, шахсони фаромӯшшудаи куҳансол, ки дар хонаҳои пиронсолон будубош мекунанд, ба ин беморӣ аз ҳама осебпазир мебошанд. Мо оид ба ҳолатҳои марги зиёди одамон дар танҳоӣ мешунавем, ки бидуни наздикони атрофашон ,бе ягон дастгирӣ аз олам мегузаранд.
Фоҷиаҳое, ки дар хонаҳои пиронсолон айни замон рӯй медиҳанд, танҳо як мисоли оддӣ аст, ки чӣ гуна мо шахсони калонсолро аз даст медиҳем. Пандемия ин камбудиро ба мушкилоти шадид табдил дод, аммо он аз COVID-19 сар нашуд. Хамон вақте ки кишварҳои Аврупо босуръат пир мешуданд — аз чор як нафар аллакай 60-сола ва аз он болотар буд — ҷамъиятҳо барои фароҳам овардани шароит барои пиронсолон, нигоҳ доштани саломатии хуби онҳо, фаъол буданашон дар ҷомеа ва ҳаёти шахсиашон бояд кӯшиш менамуданд.
Баръакс, бештари пиронсолон нисбат ба худ беэътиноӣ, камбизоатӣ, канорагирӣ ва ҷудоии иҷтимоиро эҳсос мекунанд — ҳоло ба сабаби пандемия чунин таҷриба боз ҳам шиддат ёфтааст. Аммо, рафтори ҷамъият низ хело бад аст, зеро дар шуури пиронсолон ҳисси нозарурият ва дар ҷомеа як чизи нодаркор буданро ҷой медиҳанд.
Умедворам, ки ин буҳрон ва таъсиру оқибатҳои даҳшатнок таҳаввуле мешавад, ки чӣ тавр мо дар ҷомеа одамони солхӯрдаро мебинем ва ба онҳо муносибат мекунем. Дар ЮНФПА, Хазинаи аҳолии СММ, мо бо шарикони худ дар сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо барои дастгирии пиронсолон ҳангоми пандемия кор мебарем, инчунин ба таври васеъ барои ҳимоя кардани шаъну шараф ва ҷалби онҳо ба ҷамъиятҳояшон кӯшиш мекунем.
Имрӯз, бисёр кишварҳои ҷаҳон дар он андешаанд, ки чӣ гуна ин буҳронро паси сар намуд. Барои амалӣ намудани ин иқдом андешидани чор чораи калидӣ лозим аст:
- Афзалиятнок шумурдани муҳофизати одамони калонсол дар ҷавоб ба COVID-19. Ин метавонад дар худ паҳн намудани афкори оммавиро дар бар гирад, ки барои дастгирии ҳуқуқ ва шаъну шарафи одамони калонсол ва уҳдадориҳои ҷамъият барои хизматрасониҳо ба ин табақаи ҷомеа равона гардад. Таъмини пайвастагии хидматҳо, дастгирии сарпарастон, истифодаи технологияҳои рақамӣ барои дастрасӣ ба маҳалҳои дурдаст аз ин иқдомҳо маҳсуб меёбад. Инчунин, барои коҳиш додани оқибатҳои буҳрон корҳои зиёдеро кардан мумкин аст.
- Ба талаботи пиронсолон гӯш додан. Ҳангоми вокуниш ба ин буҳрон ва таҳия намудани нақшаҳои оянда, мо бояд ба суханони пиронсолон гӯш диҳем. Муошират бо намояндагони ҷомеа барои пешгирӣ аз бадгумонӣ ва қодир будан барои ҳалли масъалаҳое, ки ба ниёзҳои воқеӣ ҷавоб медиҳанд, хело муҳим аст.
- Муқовимат ба поймолкунии ҳуқуқи пиронсолон дар ҷамъият. Табъиз бо фарқияти синнусолӣ, ки дар ин давраи буҳрон густариш ёфтааст, бояд нест шавад. Дар ин кор рушди ҳамкории наслҳо ва нақши арзандаи одамони калонсол барои тағйири меъёру муносибатҳои иҷтимоӣ мусоидат карда метавонад.
- Аз нав дида баромадани чорчӯбаҳои қонунию сиёсӣ ва буҷаҳо бо дарназардошти масъалаҳои синнусолӣ. Вақти он расидааст, ки баррасии тағйиротро дар бахшҳо, ба монанди тандурустӣ, маориф, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ анҷом диҳем, то кишварҳо дар мубориза бо тағйироти босуръати демографӣ қодир бошанд, ки кафолати ҳуқуқу интихоботи аҳолии пиронсолро ба уҳда гиранд.
Бояд иқрор шуд: марги ин қадар одамони солхӯрда, дар даврони буҳрон ногузир набуд. Ин натиҷаи бевоситаи нокомиҳои мо ба ҷомеа, муассисаҳову муносибатҳои фарҳангӣ, ба ҳаёт ва некӯаҳволии насли калонсол арзиши баробар дорад. Мо бояд аз хатогиҳои гузаштаи худ ибрат гирем ва барои фароҳам овардани шароит ба ашхоси синну соли гуногун, аз ҷумла одамони калонсол, муаллимон, мураббиён, парасторон,ихтиёриён ва эҷодгарон ҷиддан муносибат кунем. Дар як аврупои пиронсол мо наметавонем чоряки аҳолиро бо тамоми малакаҳо, истеъдод ва дигар саҳмияҳояшон маҳрум созем. Кафолат додани он, ки ба одамони солхӯрда бояд бо назардошти тамоми ҳуқуқ ва шаъну шараф муносибат намуд, на танҳо як талаботи маънавист, балки пирӯзии ҳам калонсолон ва ҳам ҷавонон аст.
Аланна Армитаж Директори Дафтари Минтақавии ЮНФПА дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ