Ҳуқуқшиноси «Тоҷикфилм» барои гаппартоӣ ҷазо гирифт

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар натиҷаи таҳқиқи навор як нафар ҳуқуқшинос барои гаппартоӣ ва озори ҷавонзане ҷазо гирифт.

Бино ба иттилои манбаъ, “як нафар ҷавонзани 23-сола, сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли наворе аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуд, ки нисбати Сайидо ном «ҳуқуқшинос» чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои номбурда, ҷавони мазкур дар вақти шабона, ҳангоми аз кор ба хона баргаштанаш дар роҳ муроҷиаткунандаро мавриди таъқиб қарор додаву гаппартоӣ намуда, дар баробари ин, нисбаташ дар ҷои ҷамъиятӣ дашному ҳақоратҳои қабеҳ додааст”.

— Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия шахсияти нафари дар навор инъикосгардида муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд, ки номбурда шаҳрванд Сатторов Сайидо Сайдамирович, санаи таваллудаш 12.12.1985, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Баҳоваддинов буда, дар муассисаи «Тоҷикфилм» ба ҳайси ҳуқуқшинос фаъолият менамояд. Дар натиҷаи пурсиш номбурда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат дар маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе ҷавонзани муроҷиаткунандаро таъқиб намуда, мавриди озор қарор додааст,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Сатторов Сайидо Сайдамирович тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *