Ҳуҷуми хирс ба зан, аз хона берун набароед!
Дар шаҳри Артеми кишвари Приморск, дар яке аз кӯчаҳои хирси маллаи хашмгине пайдо шуда, ба зане ҳамла кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти маъмурияти ноҳияи шаҳри Артёмовск хабар додааст. «Дар маҳаллаи Сиреневая, Механизаторов ва кӯчаи Солнечная хирс дида шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳайвон ба як сокини зани ноҳияи Артёмовск ҳамла кардааст», — омадааст дар хабар. Дар ҳоли ҳозир пулиси маҳаллӣ ва маркази «Паланг» барои дастгир кардани ҷонвар чораҳо меандешанд. Дар робита ба ин ҳодиса мақомоти маҳаллӣ ба сокинони Артём тавсия додаанд, ки бе зарурат аз хонаҳояшон берун наоянд. Аз шахсоне, ки ин ҳайвонро дидаанд, хоҳиш карда мешавад, ки тавассути телефони 112 ба Хадамоти ягонаи диспетчерӣ хабар диҳанд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар кишвари Красноярск як шикорчии аз хирс захмӣшуда 20 рӯз мунтазири кумак шудааст – бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш мард амалан роҳ гашта наметавонист. Ҳоло ҷабрдида дар маркази тиббии вилоят аст, ҳеҷ чиз ба ҳаёт ва саломатии ӯ таҳдид намекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ