Ҳуҷуми сагҳо ба деҳаҳои Панҷакент
Чанд рӯзи охир дар деҳа ҳастам. Тайи ин чанд рӯз бо касе салом кунаму аҳвол пурсам, аз сагҳо шикоят мекунанд: “Саг имшаб гӯсолаи фалониро хӯрдааст”, “Субҳ фалонӣ говҷӯшӣ рафтааст, ки аз гӯсолааш фақат калла мондааст”, “Ба зани фалончӣ яке аз сагҳо ҳамла кардааст, болои дарахт баромада, ҷонашро раҳонидааст”… Чунин аст мавзуи суҳбати мардум.
Имрӯз ҳақиқати ҳолро ҷӯё шудам. Маълум шуд, ки як села сагони ваҳшӣ дар соҳили дарёи Зарафшон камин гирифтаву шабҳо ба бузу гӯсфанд ва гӯсолаҳои сокинони деҳаҳои Навобод ва Қумоқи ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ҳамла мекунанд. Сокинони ин деҳаҳо дар мавсими тирамоҳ гову гӯсолаҳояшонро ба заминҳояшон мебаранд ва шабона ҳам он ҷо мемонанд.
Ин сагҳо аз куҷо пайдо шудаанд?
Фарзияҳо зиёданд. Яке мегӯяд, ки ин галла аз 6 саги бадҳайбати даранда иборат аст, ки бо мошини “Портер” касе оварда партофтааст ва як сокини деҳа онро дидааст. Дигаре мегӯяд, ки шумораи сагҳо беш аз 20 асту бо мошини “Дулан” овардаанд.
Ин сагҳои гурусна рӯзона дар сояи дарахтон хобидаву шабҳо ба шикор мебароянд ва чун ба ҳайвони калон зӯрашон намерасад, гӯсолаҳоро мехӯранд. То имрӯз беш аз 10 гӯсола аз деҳаҳои Навободу Қумоқ ба коми сагҳо рафтаанд.
Сокинони ин деҳаҳо ба сохторҳои марбута муроҷиат кардаанд. Мерган як сагро бар ивази 60 сомонӣ мепарронидааст. Аҳолии деҳаҳо маблағ ҷамъ карда додаанд, вале мерганҳо ба ҷойи сагҳои даранда сагҳои мулкиро кушта рафтаанд ва ҳамлаи сагҳо идома дорад.
Субҳи 18-уми август сагҳо ба гӯсолаи як сокини деҳаи Қумоқ дарафтодаанд. Мардҳо базӯр гӯсоларо аз коми сагони бадҳайбат халос кардаанд.
Сокинони деҳаҳо аз он нигаронанд, ки ин сагҳо ба одамон зарар наоранд. Чун гӯсолаҳоро ҳама ба хона оранд, одамон туъмаи ин сагҳои гурусна мешаванд. Махсусан кӯдакону наврасон, ки дар ин вақти таътил дар саҳро кор мекунанд.
Аз сохторҳои дахлдори шаҳри Панҷакент мехоҳем, ки ба ин қазия расидагӣ кунанд ва мардумро аз фалокат наҷот диҳанд.
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ