Ҳудуди 500 миллион қарз дар Бохтар аз кадом ҳисоб? Шарҳи Раҷабалӣ Бояков
Дар минтақаи Бохтар ташкилоту идораҳо, корхонаҳо, аҳолӣ ва дигар муштариён аз аз ҳисоби истифодаи неруи барқ зиёда аз 490 миллиону 492 ҳазор сомонӣ қарздоранд.
Раҷабалӣ Бояков, сармуҳандиси филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ки аз ин қарз 144 миллиону 282 ҳазор аз аҳолӣ, бештар аз 18 миллиону 748 ҳазор сомонӣ аз идораи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Бохтар, 4 миллион сомонӣ аз ташкилоти ҷумҳуриявӣ, 150 миллион сомонӣ аз хоҷагиҳои пахтакор ва дигар муштариён аст.
Нисбат ба роҳбари 8 корхонаи қарздор ба маблағи қарзи умумӣ 7 миллиону 321 сомонӣ мавод барои чораҷӯӣ ба мақомоти прокуратура пешниҳод шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ