Ҳудуди 85 миллион сомонии буҷет барқарор шуд

Аз 96,9 млн сомонӣ қоидавайронкунии молиявии ошкоршуда 84,5 млн сомонӣ барқарор шудааст.

Ин маблағ зимни чорабинии аудиторӣ дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетии Тоҷикистон гузаронида шудааст.

Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Қарахон Чиллазода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз ин ҳисоб хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 9 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 7 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 8 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 31 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷет 31 миллион сомонӣ, пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 529 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Қарахон Чиллазода гуфт, ки қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 84 миллиону 500 ҳазор сомонӣ барқарор шудаанд, ки 87 фоизи маблағи умумиро ташкил медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *