Ҳукми хӯрдани мурғобӣ ва кабӯтар

Баъзеҳо мегӯянд, ки хӯрдани гӯшти парандаро дини ислом манъ кардааст. Махсусан, хӯрдани гӯшти мурғобӣ ва кабӯтарро. Оё ин воқеият дорад?

САНАВБАР, шаҳри Ҳисор

Посух:

Асос дар хӯрокҳо ва нӯшокиҳо ҳалол будани онҳо мебошад, то он даме ки далели ҳаром будани он собит нагардад. Аллоҳ таъоло фармудааст: «Ӯст, ки ҳамаи чизҳоеро, ки дар замин аст, бароятон офарид». Худованд мефармояд: «Бигӯ: «Дар миёни он чӣ ба ман ваҳй шудааст, чизеро, ки хӯрдани он барои хӯрандае ҳаром бошад, намеёбам, магар (гӯшти) мурдор ё хуни рехта ё гӯшти хук, ки ҳатман, палид аст, ё (ҳайвоне, ки ҳангоми забҳ) аз рӯи нофармонӣ, номи ғайри Аллоҳ таъоло бар он бурда бошанд». Бар ҳаром будани хӯрдани мурғобӣ ва кабӯтар далеле ворид нашудааст, аз ин рӯ, ба асл бармегардем, ки он раво аст. Балки далели ҳалол будани хӯрдани кабӯтар ин аст, ки саҳобагон (Аллоҳ аз онон хушнуд бод) дар мавриди каффорати кабӯтари Ҳарам, ки онро муҳрим шикор мекунад, гӯсфандеро муқаррар кардаанд. Ин бар ҳалол будани хӯрдани он далолат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *