Ҳукми полковник Юсуфзода ва Шукуров содир шуд

Ҳукми полковник Акмал Юсуфзода содир шуд. Ӯ ба рабудан ва қатли Исмоил Раҳмонов, устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, 19 сол равонаи зиндон гардид. Ҳамроҳи Акмал Юсуфзода хешованди ӯ Исмоилҷон Шукуров ҳам 12 сол зиндонӣ шудааст.

Дафтари матбуоти Суди олии Тоҷикистон ба “Озодӣ” иттилоъ додааст, ҳукми Акмал Юсуфзода ва Исмоилҷон Шукуров 28-уми феврали соли равон содир шуд.

Ба қавли манбаъ, Юсуфзода дар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон одамрабоӣ бо маслиҳати пешакӣ (моддаи 130 қисми 2) ва куштор бо бераҳмии махсус (моддаи 104 қисми 2) гунаҳкор дониста шуд. Исмоилҷон Шукуров бошад, танҳо ба одамрабоӣ гунаҳкор шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  Акмал Юсуфзода шаби 12-уми июни соли 2023 Исмоил Раҳмоновро аз назди қурутобхонаи “Муслим”-и Душанбе рабуда, ба дарёи Фони ноҳияи Айнӣ партофта буд.

То ҳол ҷасади устоди донишгоҳ пайдо нашудааст. Сабаби ин ҳодиса ба гуфтаи додситон, рашки Юсуфзода аз мукотибаи ҳамсараш бо Исмоил Раҳмонов будааст. Аммо пайвандони омӯзгор гуфтанд, Исмоил Раҳмонов бо ҳамсари Акмал Юсуфзода дар Донишгоҳи тиҷорат танҳо ҳамкор буданд ва миёни онҳо ягон робитаи дигар ҷой надошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *