Ҳукумат НАТО-ро ба Украина оварданист…

Мақомоти Украина қасд доранд дар қаламрави худ як пойгоҳи низомии НАТО-ро  бунёд кунанд, хабар медиҳад Ura.ru бо истинод ба изҳороти вакили Верховная Рада аз ҳизби оппозисиюнии Иля Киву.

Ба гуфтаи ӯ, ин барои таҳрики Русия ба амалҳои таҷовузкорона зарур аст. «Вазифаи вазири нави дифоъ Резников ин аст, ки дар шаш моҳи оянда пойгоҳи низомии НАТО дар қаламрави Украина таъсис дода, Русияро ба амалҳои таҷовузкорона барои ҳифзи марзҳояш таҳрик диҳад.» Чунон ки депутат кайд мекунад, сиёсати Киев ба таърихи Украина хотима дода, боиси ба кисмхо таксим шудани мамлакат мегардад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15 ноябр сарони Русия ва Фаронса Владимир Путин ва Эммануэл Макрон телефонӣ гуфтугӯ карда, дар ҷараёни он даргириҳоро дар дохили Украина баррасӣ карданд. Ҷонибҳо “аз пешрафт дар ҳалли муноқишаи дохилии Украина изҳори норозигӣ карданд. Қайд карда шуд, ки вазъ дар атрофи Донбасс боз ҳам бадтар мешавад”, — омадааст дар хабар.

Илова бар ин, раҳбари Русия таваҷҷуҳи худро ба моҳияти иғвоангезонаи машқҳои густардае, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар Баҳри Сиёҳ анҷом медиҳанд, ҷалб кард. Ба гуфтаи Путин, ин танишро миёни Маскав ва НАТО афзоиш медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *