Ҳунарманди Қазоқистон барои навори таҳқиромез аз мардуми тоҷик узр пурсид

Ҳунарманди қазоқ, ки офарандаи яке аз нақшҳои навори таҳқиромез нисбати тоҷикон мебошад, дар як баёнияаш аз мардуми Тоҷик узр пурсид.

Тавре корбари фаъоли Фейсбук Дилафрӯз Қурбонӣ дар саҳифааш қайд мекунад:

“Дар робита ба казияи навори таҳқиромез аз тарафи аҳли ҳунари Қазоқистон бародари арҷмандамон Imommuhammad Goibov кор бурданд ва инак ба натиҷаи нек расиданд: нафаре аз номи созандагони навори таҳқиромез аз мо узр пурсид ва иброз дошт, ки ин навор соли 2013 омода ва намоиш дода шуда буд.
Он замон иштибоҳашонро дарк карда, аз мардуми тоҷик бахшиш пурсида, роликро хазф карда будаанд.
Ҳайронанд, ки пас аз 7 сол он дубора чӣ тавр ба шабакаи ҷаҳонии интернет роҳ ёфта, боиси ошуфтагии мо шудааст”.

Бояд қайд кард, ки баъди пайдо шудани навори мазкур дар сайтҳои интернетӣ эътирози шадиди мардум ва ҷомеаи фаъоли шаҳрвандиро ба бор оварда, амали ҳунамандони қазоқро шадидан маҳкум карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *