Ҳунарманди маъруф Қиёмиддин Чақалов 75- сола шуд
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов, ки бо иҷрои нақшҳои ҳаҷвӣ дар театр ва синамо миёни мардум маҳбубият дорад, 75 — сола шуд. Дар зер матлаби ҳамкорамон Тоҷинисои Азизро пешкаши шумо мегардонем, ки ба рӯзгор ва осори ҳунарпеша бахшида шудааст.
ЧИЛ СОЛ ДАР САҲНА
Қосим -кассир (хазинадор) мардест, софдилу хайрхоҳ. Дар даргоҳи шоҳ соҳиби вазифаи баланд аст. Кӯшиш мекунад, ки ҳамеша дар ҳаёт кори хайреро анҷом бидиҳад. Ва ҳар вақт ӯ ба сагҳои гуруснаи дарбор нону хӯрок медод. Вақте ки хидматгори шоҳ Бусал Қосим — кассирро ҳам аз рӯи рашку ҳасад ба шоҳ туҳмат карда мегӯяд, ки гӯё Қосим — кассир бо душманони шоҳ робитаи дӯстӣ дорад, ғазаби шоҳ меояд. Шоҳ фармон медиҳад, ки Қосим — кассирро ба назди сагони гурусна партоянд. Қосим — кассирро назди сагони гурусна мепартоянд. Вале сагҳо Қосим — кассирро, ки гоҳ аз гоҳе ба онҳо нону хӯрок медод, мешиносанду ба ӯ осебе намерасонанд. Ҳатто ҳайвонҳо қадри намаки хурдаашонро пос медоранд. Ҳамин гуна Қосим -кассир зинда мемонад. Подшоҳ аз ин рафтори сагҳо ҳайрон мешавад ва мегӯяд, ки одамони бегуноҳро сагҳо ҳам намехӯранд. Билохира, чоҳкан зери чоҳ мешавад. Ба фармони шоҳ, Бусал барои гуноҳҳояш хӯроки сагони дайду мешавад.
Ин нақшҳо як мазҳакаест, аз намоишномаи «Чархи гардун»-и нависанда Нур Табаров, ки онро ҳунармандони театри академӣ- драмавии ба номи устод Лоҳутӣ ба саҳна гузоштаанд.
Дар ин намоишнома нақши Қосим -кассирро Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов бо як маҳорати баланди ҳунарӣ иҷро кардааст.
Ҳунарманд Қиёмиддин Чақаловро аз хурд то бузург ҳама мешиносанд. Мухлисони ҳунарро ба ҳангоми бар забон овардани ном ва ё дидани симои ин ҳунарманди чира дар лабон табассум гул мекунад.
Қиёмиддин ҳанӯз аз овони хурдсолӣ, ҳангоме ки дар синфи 4-уми мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Файзобод таҳсил мекард, дар кружоки дастаи ҳаваскорони мактаб аъзо буд. Суруд мехонду саҳначаҳои ҳаҷвиро бо як маҳорати баланд иҷро мекард. Истеъдоди худододии ӯро дида, ҳангоми дар синфи 6-ум таҳсил карданаш роҳбари бадеии Хонаи маданияти ноҳия Ҷӯрабек Шарифов ӯро барои фаъолият кардан ба театр даъват намуд. Ҷӯрабек Шарифов, ки худ ғижакнавози беҳамто буд, устоди аввалини Қиёмиддин дар санъат шуд. Ӯ ҳаррӯз пас аз дарсҳо омадани Қиёмиддинро интизор шуда, бо ӯ соатҳо машқ мекард. Ҳамин буд, ки Қиёмиддин дар як муддати кутоҳ дар қатори ҳунармандони Хонаи маданият дар назди ҳаводорони шеъру суруд бо ровигӣ ва сурудхонӣ ва иҷрои саҳначаҳои ҳаҷвӣ машғул шуд.
Қиёмиддин пас аз хатми мактаби миёна мудати ду сол дар Хонаи маданияти ноҳия фаъолият кард. Соли 1964 ӯро барои хидмат ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтанд. Ӯ хидматро дар Ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Қазоқистон адо карда, соли 1967 бо сари баланд ба ватан баргашт. Фаъолияташро дар театри ноҳияи Файзобод давом дод.
Соли 1971 барои мукамал кардани донишу маҳорати худ ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи актёрии драма ва кинои Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода супорид. Дар донишгоҳ зери роҳбарии роҳбари курсашон Тамара Абдушукурова истеъдоди худро сайқал медод.
Ҳангоми дар кусри охирин таҳсил кардан кори дипломии онҳо аз рӯи асари Карл Галдуни «Арӯси таърифӣ»-ро ба саҳна гузоштанд. Намоишнома дар саҳнаи театри академиявӣ драмавиии ба номи А.Лоҳутӣ намоиш дода шуд, ки ба тамошогарон ва ҳайъати ҳакамон хеле хуш омад. Баъд аз ин намоишнома Қиёмиддин ва чанд нафар ҳамсабақонашро барои кор ба театр даъват карданд. Ҳоло 40-сол мешавад, ки Қиёмиддин Чақалзода дар саҳнаи ин театри муқаддас кору фаъолият мекунад.
Соли 1989 ҳангоми намоишномаи «Муш ва гурба», ки баъдтар «Қиссаи аҷибу ғариб» ном гирифт, Қиёмиддин нақши гурбаро иҷро мекард. Дар вақти авҷи нақшофарӣ якбора қаҳрамони саҳна, гурба- Қиёмиддин қалбашро дошта беҳуш шуда афтид. Тамошогарон гумон карданд, ки ӯ нақш меофарад. Вале аз ин ки дер аз ҷояш наҷунбид, ин амали ӯро ҷиддӣ донистанд ва ӯро аз саҳна ба бемористон бурданд. Қиёмиддин ба сактаи дил гирифтор шуда буд.
Азбаски ӯ бо санъати худ, ҳаҷви худ шифобахши садҳо беморон аст, саъю кӯшиш кард, ки пеш аз ҳама табиби хеш шавад. Ӯ шифо ёфта боз ба театр баргашт ва то имрӯз бо ҳунари нотакрори худ дар саҳнаҳои театру кино ва радиову телевизион баромад мекунаду мухлисонашро мамнун мегардонад.
Дар муддати чил соли корӣ дар саҳнаи театр зиёда аз 60 нақш офаридааст. Ӯ дар намоишномаҳо ва филмҳои зиёде беш аз чорсад нақш офаридааст.
Нақшҳои кӯзагар аз намоишномаҳои «Роҳзан ва кӯзагар», Боқӣ Раҳимзода аз «Аёдат», Гурков аз «Гамлет», Искандар аз «Чорсу»,Семён Пондолфо аз «Арӯси таърифӣ», Тарано — Ғайратшоҳ аз «Духтари саркаш» ва дар филмҳои «Ашк ва шамшер»- Сияҳсавор, Қассоб аз «Ҷазира», муаллим аз «Муҷассамаи ишқ», директории совхоз аз «Сароби хунин» ва даҳҳо филмномаҳову намоишномаҳоро номбар кардан мумкин аст, ки дар онҳо Қиёмиддин Чақалов нақшҳои асосиро бо маҳорати том иҷро кардааст, ки он як умр дар хотири тамошогарони зирак нақш хоҳад дошт.
Қиёмиддин Чақалов имсол ба синни мубораки 75 қадам мегузорад. Инро барои он ёдрас кардем, ки то ёдамон наравад, ки имсол соли ӯст. Соли оне, ки умри азизи хешро рӯи саҳнаи ҳунар ва дар хидмати мардум гузаронида ва барои миллат шодиву нишот тақдим кардааст.
Муаррифинома:
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов, 28 апрели соли 1945 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Оиладор ва соҳиби 10 фарзанд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ