Ҳунармандони тоҷик дар фестивали «Рӯзҳои Театри Ҷуҷеноғлу» иштирок карданд
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Давлатзода Лутфулло — директори Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ҳунармандони тоҷик дар фестивали «Рӯзҳои Театри Ҷуҷеноғлу» иштирок намуданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар, сафири Тоҷикистон дар Туркия А. Гулов дар намоиши «Бунбаст»-и драманависи турк Тунҷер Ҷуҷеноғлу, ки бо таҳияи ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қурбон Собир дар иҷрои ҳунармандони Театри давлатии ба номи А. Лоҳутӣ дар Маркази фарҳангии Туркан Сайлон воқеъ дар шаҳри Истанбули Туркия рӯи саҳна омад, иштирок намудааст.
— Баъд аз намоиш сафир дар суханронии хеш қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла фарҳанг ва маориф, инчунин санъати театрӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки тибқи нақша давоми соли ҷорӣ рӯзҳои фарҳангии ду кишвар бояд баргузор гарданд. Аз фурсат истифода бурда, А. Гулов театрҳои туркиро барои ташриф овардан ба кишвари мо бо сафари ҷавобии ҳунарӣ даъват кард,- меафзояд манбаъ.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ