Ҳунарпешаи барои тоҷикон маҳбуб — Шералӣ Ҷӯраев даргузашт
Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, ки дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дорад, дар синни 76-солагӣ даргузашт.
Шералӣ Ҷӯраев ба тоҷикӣ низ чандин тарона, аз ҷумла «Ушшоқи Самарқанд», «Намак дар комҳо…», «Эй ҷони ман, аз ман марав» ва ғайраҳоро сурудааст, ки дар Тоҷикистон ҳаводорони зиёд доранд.
Инчунин, коршиносон саҳми ӯро дар рушди робитаҳои фарҳангии ду давлати ҳамҷавор ва дӯст — Тоҷикистону Ӯзбекистон назаррас арзёбӣ мекунанд. Аҳли эҷоди сомонаи Pressa.tj ва ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз даргузашти ҳунарпешаи маҳбуб андуҳгин буда, ба наздикону пайвандонашон сабри ҷамил мехоҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ