Ҳушдор аз эҳтимоли омадани сел дар рӯзҳои 8-9-уми август

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бино ба маълумоти обуҳавосанҷон, рӯзҳои 8-9-уми августи соли 2023 дар қаламрави як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинон ва меҳмонон хоҳиш кардааст, ки чораҳои эҳтиётиву бехатариро ҷиддан риоя намоянд.

— Сокинон бояд талош кунанд, ки селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои пеши хонаҳои худро сари вақт аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд, то сел роҳи озоди берунрафт дошта бошад. Рафтан ба шикоргоҳу моҳидорӣ, ғунучини ҳезуму рустаниҳои доруворӣ маслиҳат нест,- таъкид мекунад КҲФ.

Инчунин, тавсия дода мешавад, ки ронандагон ва дӯстдорони куҳгардиву сайёҳон бояд ҳатман қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои куҳиро риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *