Ҳушдор ба мансабдорони тоҷик. Сомонаҳои мақомоти давлатиро месанҷанд
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон дар соли 2024 сомонаҳои тамоми мақомоти давлатиро аз санҷиш мегузаронад.
Директори агентӣ Ҷумъа Давлатов зимни нишасти матбуотӣ иброз дош, ки то имрӯз аз ҷониби агентӣ ягон маротиба мониторинги сомонаҳо гузаронида нашудааст. Аммо дар назар аст, ки сомонаҳои тамоми мақомоти давлатии мамлакат аз санҷиш гузаронида шаванд.
Гуфта мешавад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017 Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ