Ҳушдор: Барфу борони шадид дар ноҳияҳои Суғд
Аз 1 то 4 октябр ҳавои Тоҷикистон ноустувор хоҳад шуд. Ҳавошиносон вазиши боди шадид, боридани барфи тар дар ноҳияҳои кӯҳистон ва боришоти сахт дар вилояти Суғдро пешгӯӣ мекунанд
Чанд рӯзи хокбориш дар манотиқи Тоҷикистон аз он хабар медод, ки моҳи октябр хунукиро душори худ дорад. Ва ин аст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки давоми чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон ҳаво ноустувор мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, муддати 24 соати оянда дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ хокбод боқӣ мемонад.
Гуфта мешавад, рӯзҳои 1-2 октябр дар қаламрави ин вилоят боди шадид бо суръати 15-20 метр дар як сония мевазад, ки ин боиси хокбориш хоҳад гашт.
Ҳамзамон, рӯзи 3 октябр дар қаламрави баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ боридани шадид дар назар аст.
Дар идома КҲФ зикр намуд, ки рӯзҳои 3-4 октябр дар ноҳияҳои кӯҳистон боронҳои шадид ба барфи тар табдил мешаванд.
Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинон ва меҳмонони кишвар итн аст, ки ба хотири бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ, ағбаҳо, ҷойҳои селрав эҳтиёткор бошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ