ҲУШДОР! Бозгашти коронавирус ба Тоҷикистон ва шарҳи мутахассис
Ахиран Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти 23 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус хабар додааст.
«Ирӯз, 21 январ зимни баргузории Ситоди навбатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории COVID-19 маълум гардид, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 23 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон бо ин сироят ба қайд гирифта шудааст», — афзудааст манбаъ.
Масъулини вазорати тандурустӣ то ҳол нагуфтаанд, навъи омикронии коронавирус, ки дар кишварҳои ҳамсоя пайдо шуд, миёни гирифторони нав дар Тоҷикистон ҳаст ё не.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17118 нафар гирифторони сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16971 нафар (99,3%) шифо ёфтаанд. Инчунин, то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.
Тибқи тавсияҳои Ситод оид ба мубориза бар зидди COVID-19, талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст. Ҳамаи шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшуда барои пешгирии паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.
Аммо дар ин маврид профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Саидбек Сатторов дар суҳбат бо хабарнигори «Ховар» дар бораи нишонаҳои асосии навъи навъи нави коронавирус – «омикрон» изҳори назар намудааст.
«Дарди сару бадан, бемадорӣ, дарди гулӯ, сулфа ва атса, дарди шикам аз нишонаҳои асосии омикрон маҳсуб ёфта, он бештар ба зукоми маъмулӣ монандӣ дорад», — гуфт ӯ.
Ба андешаи мавсуф, навъи «омикрон» шакли нави тағйирёфтаи COVID-19 буда, нишонаҳои он ба дигар навъҳои COVID-19 қариб ки монандӣ доранд.
«Баморӣ метавонад дар шакли обравӣ аз бинӣ, бемадорӣ, дарди сар, беиштиҳоӣ ва халалдоршавии хоб ба амал ояд, вале он нисбат ба дигар намудҳои COVID-19 сабуктар мегузарад», — гуфт Саидбек Сатторов.
«Навъи омикрон хеле зудпаҳншаванда буда, давраи беморӣ нисбатан сабук паси сар мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо метавонанд нишонаҳои беморӣ дар 3-4 рӯз бартараф шаванд. Навъи нави COVID-19-ро аз шамолхӯрдагӣ фарқ кардан мушкил аст. Аз ин рӯ, дар сурати ҷой доштани нишонаҳои зикршуда бемор метавонад аз ташхиси COVID-19 гузарад»,- афзуд ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ