Ҳушдор: То 16-уми декабр ҳаво сард мешавад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар, то 16-уми декабри соли 2021 ҳаво сард мешавад ва борон дар водиҳо ба барфи тар табдил мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар минтақаҳои наздикуҳӣ ва куҳӣ барфи шадид меборад. Ба истиснои ВМКБ, дар аксар қаламрави кишвар туман дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикуҳӣ дамои ҳаво 8-10 0С коҳиш  меёбад.

Бо сабаби бад шудани обу ҳаво Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ барои гарм кардани хонаҳо қоидаҳои бехтарӣ аз сӯхторро ҷиддан риоя кунанд, барқро сарфаҷӯёна истифода намоянд.

Ҳамчунин, ба хотири таъмини бехатарӣ дар роҳҳо ва ағбаҳо Кумита ба ронандагон тавсия медиҳад, ки:

— мошинро қабл аз сафар аз назар гузаронанд;

— чархҳои мошинашонро бо чархҳои зимистонӣ иваз намоянд. Мошинҳои калони боркашро бо таҷҳизоти зидди яху лағзиш таъмин кунанд ва вақте ба роҳи дур ба сафар мебароянд, бояд донанд, ки бо роҳҳои куҳӣ дар фасли сард сафар доранд;

— дар бордони мошинашон ҳатман либосҳои гарм дошта бошанд, фонус, бели хурд, банд барои кашидани мошин, бушкаи пур аз сӯзишворӣ барои эҳтиёт, гӯгирд, термоси пури оби гарм ва ғайраро низ фаромӯш накунанд;

— ҳамеша дорухонаи мошинашонро нав кунанд;

— бо ҳамон суръате мошин ронанд, ки бехатарии онҳоро таъмин карда тавонад, ҳангоми убур аз назди мактабҳо, чорроҳаҳо, пулҳо, гардишҳо ва нишебиҳо эҳтиёт кунанд;

— ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои куҳӣ фосилаи бештари байни мошинҳоро риоя намоянд ва ин фосила бештар аз фосилаи маъмулӣ бошад;

— ба хотири гузаштан аз барфтӯда набояд тунду тез ҳаракат кунанд;

— агар мошинашонро то оғози сардиҳо омода карда натавонистаанд ва ё таҷрибаи кофии мошинронӣ надоранд, пас маслиҳат он аст, ки дар чунин боду ҳаво аз сафар худдорӣ намоянд;

— тавсияҳои ВКД, КҲФ дар бораи маҳдудиятҳои ҳаракат дар баъзе аз қисматҳои роҳҳоро дар мавридҳои эҳтимоли лағзиши тарма ва резиши санг риоя намоянд;

— шабонгаҳон ва лаҳзаву соатҳое, ки ҳаво торик аст, ҳаракат дар роҳҳоро маҳдуд кунанд.

Ғайр аз ин, КҲФ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки боми худро аз ғарами барф тоза нигоҳ доранд ва мошинҳояшонро зери дарахтон нагузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *