Ҳушдори Бонки миллӣ ба мардум

Вақтҳои охир дар шабакаҳои интернет наворҳои гуногун оиди дар муомилоти пулӣ истифода шудани коғазҳои дорои навиштаҷоти “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ” ва монанд ба банкнотаҳои миллии 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар ҳудуди кишвар ба назар расида, мавриди таваҷҷуҳ ва вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтаанд.

Бонки миллии Тоҷикстон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки ин гуна чиптаҳо аз рӯи хусусиятҳои визуалӣ, аз қабили андоза, ранг ва тасвирҳо ба пули миллӣ шабоҳат дошта бошанд ҳам, ба ҳеҷ ваҷҳ дорои унсурҳои ҳимоявии маъмулӣ, ба монанди нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, кинеграмма, унсури чопии зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, нишона барои нобиноён ва дигар технологияҳои ҳимоявӣ нестанд.

 Барои пешгирии ҳолати мазкур муҳим аст, то шаҳрвандон бидонанд, ки зимни доду гирифт бо пули нақд бояд ба нишонаҳои ҳимоявии пули миллӣ — сомонӣ диққат дода шавад.

“Бонки миллии Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки сатҳу сифати пули миллии кишварро аз ҳама гуна хатарҳои қалбакӣ муҳофизат намояд. Ба ин мақсад, пулҳои коғазӣ бо истифода аз равандҳои муосир ва маводи химиявии полимерӣ омода карда мешаванд. Ба ин пулҳо унсурҳои махсуси лазерӣ, рангҳои тағйирёбанда ва ҳифзкунанда дохил мешаванд, ки шинохти онҳо хеле осон аст”,-ҳушдор медиҳад БМТ.

Гуфта мешавад,  тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пулҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон ё асъори хориҷӣ тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят дониста мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *