Ҳушдори “Душанбе Сити” аз қаллобон
Чанд рӯзи охир корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Telegram” аз пайдо шудани гурӯҳи ба истилоҳ “фейкӣ” бо номи “Душанбе Сити Бонк” шикоят мекунанд, ки аъзо ба он ба таври оммавӣ ва бидуни ризоият илова мешаванд.
Аз “Душанбе Сити” мегӯянд, ки онҳо ба ин чунин гурӯҳҳо иртиботе надоранд ва аз шаҳрвандон даъват карданд, ки эҳтиёткор бошанду ба ҳеҷ ваҷҳ маълумоти шахсии худро ба касе надиҳанд.
Ин бонк дар саҳифаи расмии худ дар “Telegram” ба сокинон муроҷиат кардааст, ки ба ҳар гуна гурӯҳҳои шубҳанок ворид нашаванд, дар ҳолати дидани саҳифаҳои қалбакӣ, ҳатман ба онҳо муроҷиат кунанд.
Қаблан ҳам қаллобон бо истифода аз номи ширкатҳо ва шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла аз номи ширкатҳои “Тойота”, “Беко”, бонки “Эсхата”, «Душанбе Сити Бонк» ва шахсиятҳои маъруф сокинонро фиреб медоданд.
Коршиносон мегӯянд, ки чунин гурӯҳҳо аз рӯйи як “нақша” кор мекунанд. Гӯё барои илова кардани аъзои нав пул медиҳанд. Баъдан ин гурӯҳҳо аъзо ё обуначиёни зиёдро ҷамъ карда, баъд гурӯҳу шабакаҳои тайёрро бо аудиторияи зиёд мефурӯшанд. Ҳар қадар аудитория бештар бошад, ҳамон қадар арзиши гурӯҳ баланд мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ