Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз гармшавии ҳаво ва афзоиши офатҳои табиӣ дар ҷаҳон

Тибқи гузориши коршиносон, соли 2023 низ ҳамчун соли гармтарин сабт шудааст. Эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки ин ниҳояти кор нест ва дар чанд соли оянда мо боз шоҳиди дигар рақамҳои  рекордӣ хоҳем шуд.

Ин нукта имрӯз, 11 июн дар суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» садо дод.

“Тайи панҷ соли охир мо пайваста шоҳиди солу моҳҳои гармтарин дар сайёра дар тамоми давраи мушоҳидаҳо гардидаем”,-иброз дошт Сарвари давлат.

Гуфта шуд, ки ҳиссаи ҳодисаҳои фавқулодаи марбут ба об дар шумораи умумии офатҳои табиӣ ва ҳаҷми хисорот аз онҳо низ сол ба сол рӯ ба афзоиш дорад.

“Дар давоми 20 соли охир ин ҳисса аз 80 ба 90 фоиз расида, ҳаҷми зарар бамаротиб зиёд шудааст. Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо селу обхезиҳои соли равон дар минтақаҳои гуногуни олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон  мебошанд, ки ба иқтисоди кишварҳо садҳо миллион доллар зарари молиявӣ расониданд. Агар чанд сол пеш мо дар бораи чор баробар зиёд кардани талошҳо барои ноил гардидан ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор сухан мерондем, имрӯз, тибқи иттилои ниҳоди “Созмони Милал – Захираҳои об” мо амалҳои худро бояд шаш баробар зиёд намоем, то ба ин ҳадаф бирасем”,-таъкид дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи Сарвари давлат Эмомалтӣ Раҳмон, Тоҷикистон бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳост, ба мушкилиҳои марбут ба об таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *