Ҳушдори КҲФ: Ҳаво ба ҳадди рекордӣ гарм мешавад!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар дод, ки то 23-юми июли соли 2022 дар ҷумҳурӣ ҳаво ба ҳадди рекордӣ гарм мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, дамои ҳаво дар ин рӯзҳо дар водиҳо ба 39-44 дараҷа мерасад, дар ноҳияҳои ҷануби кишвар 45-47 ва дар навоҳии ҷудогонаи наздикуҳӣ ва куҳӣ ба 35-40 дараҷа хоҳад расид. Гуфта мешавад, ки бар асари гармои шадид эҳтимоли боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо вуҷуд дорад. — Афзоиши дамои ҳаво дар ноҳияҳои куҳӣ ва баландкуҳ (ба истиснои қисмати шимолии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон) метавонад сабабгори об шудани пиряхҳо ва барфҳо шавад ва ин ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо оврада мерасонад. Эҳтимоли лағзиши тарма, омадани сел ва резиши санг дар роҳҳо вуҷуд дорад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ