Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли омадани сел: Худро бо пойафзоли резинӣ таъмин намоед!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар рӯзҳои наздик бинобар баланд шудани ҳарорат дар як қатор ноҳияҳои куҳӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ ва навоҳии куҳии вилояти Хатлон хатари омадани сел вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки аз ҳар гуна сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин, КҲФ ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот ва ноҳияҳои куҳӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, то худро бо пойафзоли резинӣ таъмин намоянд, телефонҳояшонро омода нигоҳ доранд ва дар сурати пеш омадани ин ё он ҳодисаи ногувори фавқулодда ба мақомоти марбута дар тамос шаванд.
— Ба хотири пешгирӣ аз харобиҳои эҳтимолии сел сокинонро лозим меояд, ки сари вақт ҷӯйборҳо, селроҳаҳоеро, ки сари роҳи хонаи онҳост, тоза кунанд, то об маҷрои худро ёбад ва вориди хонаҳо нашавад. КҲФ ба хотири пешгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои куҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагони мошинҳои сиёҳшиша даъват мекунад, ки ҳаракатҳои шабонаро маҳдуд кунанд. Ронандагонро лозим меояд, ки қоидаҳои ҳаракатро ҷиддан риоя кунанд, суръати ҳаракатро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро низ риоя кунанд,- меафзояд манбаъ.
Моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ