Ҳушдори КҲФ: Хатари омадани селҳо боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки хатари омадани селҳо дар ноҳияҳои куҳиву наздикуҳии мамлакат, ба истиснои вилояти Хатлон ва шарқи ВМКБ боқӣ мемонад.

Кумита аз сокинони кишвар хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд.

— Барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ сокинон бояд сари вақт ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳои атрофи худро аз ҳар гуна монеаҳо тоза кунанд,- меафзояд манбаъ.

Кумита ҳамзамон ба ронандагон ва дӯстдорони шуғли куҳгардӣ ва сайёҳӣ муроҷиат мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ бояд ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *