Ҳушдори КҲФ: Пиряхҳо об мешаванд, эҳтимол сел ояд!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки 14-уми июли соли равон дар ноҳияҳои куҳӣ ва баландкуҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат кардааст, то чораҳои бехатариву амниятиро риоя кунанд.
Кумита тавсия додааст, ки сари вақт тоза кардани селроҳаҳо ва ҷӯйбори назди хонаҳо гарави аслии зери сел намондани манзилҳои истиқоматӣ ва киштзорон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ