Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар арафаи Наврӯз
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон истинодан ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Гуфта мешавад, ки аз 18 то 21-уми марти соли 2025 бинобар боло рафтани дамои ҳаво дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикии вилояти Суғд, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 48-74), инчунин дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли тармафароӣ вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ба нақша гирифтани сафар аз вазъи роҳҳо огоҳ шаванд, воситаҳои нақлиёти худро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин намоянд, қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, дар роҳҳо ҳангоми ҳаракат дар қитъаҳои тармахез масофаи байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ