Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон
Аз 29 ноябр дар ҷумҳурӣ борон ва дар баландии зиёда аз 1800 метр барф пешбинӣ шудааст. Дар баъзе минтақаҳо боришоти шадид меборад. Ин метавонад ба баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо, омадани сел, фаромадани сангпораву тармаҳо оварда расонад.
Дар ин ҳолат Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон барои пешгирии хатар тавсия медиҳад:
1. Ҷӯйборҳо ва чуқуриҳои селгузарро аз партовҳо ва баргҳо тоза кунед.
2. Аз сайругашт ба куҳҳо, моҳигирӣ, шикор ва чаронидани чорво худдорӣ кунед.
3. Барои сафар дар минтақаҳои куҳӣ нақлиёт омода кунед.
4. Дар қитъаҳои хатарноки роҳ эҳтиёт шавед.
Дар ҳолатҳои фавқулодда метавонед ба рақамҳои
112
(+992) 93 880 28 19
223 13 11 занг занед.
Худ ва наздиконатонро муҳофизат кунед ва барои саривақт огоҳ шудан аз хабарҳои муҳим Pressa.tj ро дар инстаграм, телеграм, фейсбук ва ютуб пайгирӣ намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ