Ҳушдори мақомоти милитсия ба шаҳрвандони Тоҷикистон

Рӯзҳои охир ҳолатҳои қаллобӣ дар сомонаҳои интернетӣ зиёд шудаанд.

Дар робита ба ин, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон ҳушдор дод, шахсони қаллоб эълонҳое нашр мекунанд, ки ҳангоми тамос гирифтан аз шаҳрвандон пешпардохт талаб менамоянд.

Пас аз гирифтани маблағ, онҳо алоқаи худро қатъ намуда, рақамҳои телефонашон низ ғайрифаъол мешаванд.

Чор амали пешгирӣ аз чунин ҳолатҳоро мақомоти милмитсия пешниҳод мекунад:

  1. Ҳеҷ гоҳ ба шахсони ношинос маблағи пешпардохт ирсол накунед. Маблағро танҳо пас аз гирифтани мол ё хизматрасонӣ супоред.
  2. Маълумоти фурӯшандаро тафтиш намоед. Агар шубҳа дошта бошед, маълумоти иловагӣ ё акси дигарро талаб кунед.
  3. Ба эълонҳое, ки молҳо дар он нархи паст доранд, бо эҳтиёт муносибат намоед. Ин метавонад найранги фиребгарон бошад.
  4. Дар бораи амалиётҳои шубҳанок хабар диҳед. Дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо чунин ҳолатҳо, фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *