Ҳушдори милитсияи Душанбе ба сокинони пойтахт
Раёсати корҳои дохилии пойтахт гуфтааст, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан «Ватсапп», дар байни шаҳрвандон паёмаке паҳн гардидааст, ки як гурӯҳи ҷиноятӣ ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон рафта, худро кормандони мақомоти милитсия муаррифӣ намуда, бо ҳар роҳу васила ба рабудани пулу моли шаҳрвандон машғуланд.
Вобаста ба ҳолати мазкур мақомоти корҳои дохилӣ ба иттилои шаҳрвандон расонидааст, ки хабари паҳнгардида асоси воқеӣ надошта, он аз ҷониби афроди ғаразнок бо мақсади ба ташвиш овардани шаҳрвандон паҳн карда шудааст.
Ин ниҳод хост, сокинон ба ҳар гуна овоза ва хабарҳои беасос эътимод накарда, танҳо ба маълумот ва хабарҳои расмӣ, ки тавассути воситаҳои ахбори омма нашр мегарданд, бовар кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ