Ҳушдори Намояндагии муҳоҷират ба муҳоҷирон дар Русия
Агар шумо будубоши худро дар Федератсияи Россия то 15 июни соли равон ба расмият надароред, ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, шомил мешавед
Намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 15 июн бори дигар он шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки феълан дар қаламрави Русия қарор доранд, ҳушдор дод, ки то 15 июн худро дар идораҳои муҳоҷирати маҳалли зисти муваққати худ дар Русия сабти ном кунанд.
Намояндагӣ гуфт, бо фармони президенти Русия “Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID -19” аз 18 апрели 2020, №274 муҳлати амали бақайдгирии муҳоҷирон, иҷозат барои иқомати муваққатӣ, барои иқомат ва патенти меҳнатӣ ба таври худкор (автоматӣ) дароз карда мешуданд. Ин шароити боимтиёз 15 июн ба анҷом меравад.
Ба ин далел, Намояндагӣ аз ҳамаи муҳоҷирони корие, ки ҳоло дар Русия қарор доранд, вале ба кадом сабабе худро дар қайди мақомоти муҳоҷирати ин кишвар нагузоштаанд, вале ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (ҳалномаи судӣ оид ба ихроҷ ва маъни воридот) низ надоранд, хостааст, ки “ба шӯъбаҳои ноҳиявии муҳоҷиратӣ дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гузошта, будубоши худро дар Россия тамдид намоянд.”
“Агар шумо будубоши худро дар Федератсияи Россия то 15 июни соли равон ба расмият надароред, ба таври худкор ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, шомил мешавед”, – таъкид шудааст дар ихтори Намояндагии муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия. Дар иттилоия афзуда мешавад, ки рӯйхати ном ба номи шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия ғайриқонунӣ қарор доранд, дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он мавҷуд аст ва муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар рӯйхатти сиёҳ афтодан ё наафтодани худро тафтиш кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ