Анатолий Сидоров

Ҳушдори ОДКБ: Дар марзи Тоҷикистон 4 ҳазор ҷангҷӯ ҷамъ шудаанд…

Шумораи ҷангҷӯёни “Вилояти Хуросон”, бахши афғонистонии созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) то 6500 нафар афзуда, тақрибан 4 ҳазор ҷангҷӯ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҷамъ шудаанд.

Дар ин бора сардори ситоди муттаҳидаи ОДКБ генерал-полковник Анатолий Сидоров хабар дод. Ӯ дар нишасти хабариаш гуфт, ки аксари ҷангҷӯёни ДОИШ дар марз бо Тоҷикистон, дар вилоятҳои Бадахшон, Қундуз ва Тахор ҷамъ шудаанд.

Сидоров гуфт, ки таҳдиди асосӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ аз тарафи гуруҳҳои ифротиён бармеояд, ки дар Афғонистон мавқеъ пайдо кардаанд. Ба ақидаи ин низомии баландпояи ОДКБ, ДОИШ ва Ал-Қоида хатарноктарин гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа ҳастанд. Генерал Сидоров афзуд: “Ба ғайр аз ин, сиёсати роҳбарони Толибон барои танг кардани ақаллиятҳои миллию мазҳабӣ, набуди иттиҳод ва афзоиши ихтилофот дар байни ҳаракати Толибон, бад шудани вазъи иқтисодӣ ва шиддат гирифтани мушкилоти иҷтимоӣ низ аз омилҳоест, ки ба бесуботӣ дар минтақа мусоидат мекунанд”.

Сидоров ҳамчунин қочоқи маводи мухаддир ва силоҳро ҳамроҳ бо дигар омилҳои зикршуда аз аломатҳое номид, ки метавонанд хатари дар гирифтани ҷанги нави шаҳрвандиро дар Афғонистон бештар кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *