Ҳушдори Президент. Одри Азуле аз Тоҷикистон ҷонибдорӣ кард

Душанбе ҳафтаи равон мизбони ҳамоиши сатҳи баланд — конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» гардид. Ин ҳамоиши 3-рӯза беш аз ду ҳазор намояндагону роҳбаронро аз 100 давлати ҷаҳон дар пойтахти Тоҷикистон ба ҳам овард, ки масоили обу иқлимро дар сайёра муҳокима намуданд. Барои Тоҷикистон ин ҳамоиш чӣ аҳамият дорад?

Сипоси Каха Имнадзе

Дар доираи баргузории конференсияи сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе фестивалу форумҳои гуногун доир ба масъалаҳои обу пиряхҳо ва иқлим, аз ҷумла Форуми байналмилалии пиряхҳо, Форуми байналмилалии парлумонӣ таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон», Форуми байналмилалии зан ва об, Форуми Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Об ва тағйирёбии иқлим», Форуми оби Африқо, Форуми бахши хусусӣ, Форуми кӯдакон ва ҷавонон оид ба об ва иқлим, Форуми ташкилоти ҳавзавӣ, Форуми илм ва технология ва Фестивали обу пиряхҳо гузаронида шуданд.

Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе дар доираи Форуми байналмилалии пиряхҳо дар Душанбе гуфт, ки Осиёи Марказӣ дар таҳқиқ ва ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд.

“Ман хеле шод ва сипосгузор ҳастам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳ бо созмонҳои зиёди ҷаҳонӣ чунин чорабинии васеъмиқёс баргузор намуда, тамоми ҷаҳонро ба таваҷҷуҳ ба чунин мушкили муҳими ҷаҳонӣ, ба мисли обшавии пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои обӣ даъват менамояд”,- гуфт номбурда.

Ба андешаи Каха Имнадзе, моро зарур аст, ки равишро дар рушди ҳифзи захираҳои об муайян намуда, ҳамкории байналмилалиро дар ин самт таҳким бахшем.

Ҷамшед Шоимзода: Талабот ба об зиёд шуд

Ба андешаи Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, минтақаи Осиёи Марказӣ бо суръати баланд рушд мекунад. “Масалан, аҳолии Тоҷикистон дар 30 соли ахир ду баробар афзуд: мо 5 миллион будем, ҳоло 10 миллион. Бинобар ин, талабот ба об низ меафзояд. Мо метавонем неругоҳҳои барқи обӣ, неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ созем, аммо дарёи нав сохта наметавонем. Ҳамаи мо мефаҳмем, ки об дар ин рушд нақши калидӣ дорад. Мутаассифона, мушкилоти зиёди марбут ба об вуҷуд доранд, ки яке аз онҳо, ки ҳамаи мо ҳоло эҳсос мекунем, тағйирёбии иқлим аст. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки мо тағйирёбии иқлимро тавассути об 84% дар минтақаи худ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ 76% эҳсос хоҳем кард”,- таъкид намуд Ҷамшед Шоимзода.

Ҳушдори Президент

Тибқи гузориши коршиносон, соли 2023 низ ҳамчун соли гармтарин сабт шудааст. Зимни суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» гуфт, эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки ин ниҳояти кор нест ва дар чанд соли оянда мо боз шоҳиди дигар рақамҳои рекордӣ хоҳем шуд. “Тайи панҷ соли охир мо пайваста шоҳиди солу моҳҳои гармтарин дар сайёра дар тамоми давраи мушоҳидаҳо гардидаем”,- иброз дошт Сарвари давлат.

Таъкид гардид, ки ҳиссаи ҳодисаҳои фавқулодаи марбут ба об дар шумораи умумии офатҳои табиӣ ва ҳаҷми хисорот аз онҳо низ сол ба сол рӯ ба афзоиш дорад.

“Дар давоми 20 соли охир ин ҳисса аз 80 ба 90 фоиз расида, ҳаҷми зарар бамаротиб зиёд шудааст. Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо селу обхезиҳои соли равон дар минтақаҳои гуногуни олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон мебошанд, ки ба иқтисоди кишварҳо садҳо миллион доллар зарари молиявӣ расониданд. Агар чанд сол пеш мо дар бораи чор баробар зиёд кардани талошҳо барои ноил гардидан ба Ҳадафи 6-уми рушди устувор сухан мерондем, имрӯз, тибқи иттилои ниҳоди “Созмони Милал — Захираҳои об” мо амалҳои худро бояд шаш баробар зиёд намоем, то ба ин ҳадаф бирасем”,- таъкид дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Одри Азуле ҷонибдори Тоҷикистон

Мудири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Одри Азуле дар конференсияи мазкур изҳор дошт, ки “мо Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем”. Ӯ гуфт: “Барои арзёбӣ ва баҳодиҳии 476 пирях, ки ҳолати обшавии онҳо ҳуҷҷатгузорӣ шудааст, тадбир меандешем”.

Одри Азуле ҷиҳати гузаронидани даврҳои омӯзишӣ дар самти тағйирёбии иқлим ҷонибдорӣ намуд ва гуфт, ки дар ин самт кор хоҳанд кард. «Мо ба ҷониби Тоҷикистон барои уҳдадориҳо ва ташаббусҳои нек дар соҳаи обу пиряхҳо, аз ҷумла баргузории Конференсияи сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст, изҳори сипос мегӯем. Аз тамоми давлатҳои аъзо даъват менамоем, ки дар ҳамбастагӣ фаъол бошанд»,-гуфт Одри Азуле.

300 журналист, 2000 ҳайат аз 100 давлат дар Душанбе

Бояд гуфт, ки дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои СММ, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмони минтақавию байналмилалӣ иштирок намуданд. Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанберо беш аз 300 нафар намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ иъикос намуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ бо қатънома аз 21-уми декабри соли 2016 қабул шудааст. Қатънома аз ҷониби 177 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ гардида, бо ризоият пазируфта шудааст. Даҳсолаи нави байналмилалӣ дар Рӯзи ҷаҳонии об — 22-юми марти соли 2018 оғоз шуда, дар Рӯзи ҷаҳонии об — 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад.

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *