Ҳушдори Путин аз “фоҷеаи ҳастаӣ” (аудио)
Дар ҳоле, ки артиши Украина бо суръат минтақаҳои ишғолшударо аз дасти неруҳои Русия озод мекунад, Владимир Путин аз “фоҷеаи ҳастаӣ” дар нерӯгоҳи Запороже ҳушдор дод. Аммо Эммануел Макрон аз Путин хостааст, ки неруҳои кишварашро аз Запороже берун барад.
Владимир Путин чанд рӯз пеш дар суҳбати телефонӣ бо Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ҳушдор дод, ки “ҳамлаҳои неруҳои низомии украина” ба нерӯгоҳи Запороже дар манотиқи таҳти контроли низомиёни Русия метавонад “оқибати фоҷеабор” дошта бошад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Киев, нерӯҳои украинӣ ба пешрафти ҳарбии худ идома медиҳанд ва то ҳол зиёда аз 20 деҳаро озод кардаанд.
Запороже — калонтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупо тайи ҳафтаҳои охир зери бомбаборони пайваста буд. Ин кор нигарониҳоро дар бораи рух додани як фоҷеаи ҳастаӣ ба миён овардааст. Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони миллал ҳафтаи гузашта бо ибрози нигаронии амиқи худ аз вазъи пешомада ҳушдор дод, ки ҳар гуна осебе ба Запороже ё ҳар пойгоҳи ҳастаии дигаре дар Украина метавонад боиси як фоҷеаи бузург шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ