Ҳушдори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз қаллобон

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сар задани ҳолатҳои қаллобӣ бо истифода аз акс ва номи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, чандест тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷониби ҷинояткорони интернетӣ, хабари бардуруғе аз номи Рустами Эмомалӣ паҳн гардида, шаҳрвандонро ба гумроҳӣ бурда истодаанд.

Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо нашри изҳороти худ расман ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ба ҳар гуна эълону хабарҳои бардурӯғ бовар накунанд.

“Ҳамзамон, шаҳрвандон таъкид мешаванд, ки вориди суроғаҳои (ссылка) чунин сомонаҳои шубҳанок нагарданд. Зеро, чунин суроғаҳо (ссылка) ҳамчун василаи рахнасозии саҳифаҳои интернетии шахсии шаҳрвандон пешбинӣ гардида, метавонанд маълумоти шахсӣ ва рамзҳои ҳамёни электрониро ба дасти худ гиранд”, — ҳушдор додааст РВКД пойтахт.

Вобаста ба ин шаҳрвандон огоҳ карда шуданд, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ мақсаднок истифода намоянд, то ин ки ба доми афроди қаллоб гирифтор нашаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *