Ҳушдори СҶТ аз хуруҷи мавҷи дуюми COVID — 19

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷаҳониёнро ҳушдор дод, ки хатари такроран сироят шудан ба ин маризӣ аз эҳтимол дур нест. Аз ин рӯ, ҳамагон бояд ба риояи қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус идома диҳанд.

Эҳтимолияти хуруҷи мавҷи дуюми маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон вуҷуд дорад, мегӯяд намояндаи СҶБ дар Русия Мелита Вуйнович.

Ба изҳори ӯ, мубориза бо COVID-19 як марҳилаест, ки дар он тамоми кишварҳо бояд дар ҳамбастагӣ бо ҳамдигар қадам зананд. Вуйнович гуфт, пандемияро то даме, ки ба тамоми гӯшаҳои сайёра доман назадааст, мағлуб кардан ғайриимкон аст. Ин вирус дар ҳамаи кишварҳои сайёра мавҷуд аст.

Намояндаи СҶБ зикр намуд, ки алъон танҳо раванди аз як инсон сироят шудан на нафари дигарро метавон боздошт ва ин кор танҳо ба ҷорӣ намудани чораҳои зиддиэпидемиологӣ рабт дорад.

«Дар куҷое ки мавҷи аввали коронавирус вуҷуд дошт, зуҳур ёфтани мавҷи дуюм низ имконпазир аст. Аҳолӣ бояд дарк кунад, ки хатари гирифторшавӣ ба ин маризӣ комилан бартараф карда намешавад, аз ин рӯ дар ҳама ҳолат бояд чораҳои бехатарӣ риоя карда шаванд», — таъкид доштаст Мелита Вуйонович.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *