Ҳушдори вазири мудофиа Эмомалӣ Собирзода

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода аз вазъи ноустувору зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ҳушдор дод.

Ӯ дар ҷаласаи даъвати баҳории наваскарон гуфт, дар чунин як шароити бисёр ҳассоси минтақа ва ҷаҳон ҳар як фарди низомиро мебояд, ки аз ҳарвақта дида дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ, бо масъулияти баланд муносибат намоянд.

Вай зарурати тақвияти тамоми бахшҳои Артиши миллӣ ва баланд бардоштани иқтидори мудифиавии кишварро таъкид намуд.

“Дар ҷаласа муовини сарвазири мамлакат-раиси комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ, барои бартараф намудани ҳама гуна монеаву мушкилоти ҷойдошта, супориш дод, ки масъулини комиссияҳои даъватӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳамоҳангӣ намуда, баҳри сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамкориро бо мардум, ҷавонони синни даъватӣ, волидони онҳо ва дигар афроди некбини ҷомеа ҷоннок намоянд ва дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳои ташвиқотиву тарғиботиро дар самти бедор намудани эҳсоси худогоҳиву худшиносии миллӣ, зарурияти хизмати ҳарбӣ ва адои вазифаи ҷавонмардӣ боз ҳам тақвият бахшанд”,-омадааст дар хабари расмии вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image