Ҳушдори ВКД ба шаҳрвандони Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳушдор дод, ки назди фолбинҳову ҷодугарон нараванд.
Бино ба иттилои ВКД, шаҳрвандоне, ки ба фолбинону ҷодугарон ва сеҳру ҷодуи онҳо боварӣ доранду ба наздашон мереванд, онҳо низ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ҳамчунин, нисбати онҳо мавод тартиб дода шуда, дар махзанҳои ВКД бо расмҳояшон гузошта мешавад.
Гуфта мешавад, ки танҳо дар як моҳи охир зиёда аз 150 нафар чунин ашхос дар қайди Вазорати корҳои дохилӣ ворид гаштаанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи муқаррароти нави Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбати шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.
Илова бар ин, ба моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии кишвар банди нав ворид карда шуд, ки тибқи он дар сурати такроран содир кардани ин кирдорҳо дар давоми як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, нисбати фолбинҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ