Ҳушдори ВКД: Корти бонкӣ ё маълумоти онро ба нафари сеюм надиҳед!
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳушдор медиҳад, ки вақтҳои охир ҳолатҳои афзоиши қаллобӣ бо истифода аз кортҳои бонкӣ мушоҳида мешаванд.
Қаллобон пешниҳод мекунанд, ки шумо кортҳои худро барои истифодаи муваққатӣ ба онҳо супоред ва дар иваз пардохти моҳона аз 300 то 500 сомонӣ ваъда мекунанд.
Дар асл қаллобон кортҳои шуморо метавонанд барои амалҳои ғайриқонунӣ истифода баранд, ба монанди шустушӯи маблағҳо, интиқолҳои ғайриқонунӣ ва иштирок дар нақшаи қаллобӣ.
Бояд гуфт, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон додани корт ё маълумоти он ба шахсони сеюм қатъиян манъ аст. Шумо барои ҳама амалиёте, ки бо истифода аз корти бонкиятон анҷом дода мешаванд, ҷавобгар ҳастед.
Ҳамчунин ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, фиребгарон бо баҳонаи пешниҳоди кор метавонанд нусхаи шиноснома, рақами корт ва дигар маълумоти шахсии шуморо талаб кунанд, ки ин баъдан барои фиреб истифода мешавад.
Дар сурати ба доми қаллобон афтидан хатарҳое, ки шуморо интизоранд, аз ҷумла инҳоянд:
🔸Агар корти шумо барои амалҳои ғайриқонунӣ истифода шавад, шумо шарики ин ҷиноят ҳисобида мешавед;
🔸Қаллобон метавонанд шуморо аз маблағҳое, ки дар кортатон мавҷуд ҳастанд, маҳрум кунанд;
🔸Амалиёти шубҳанок боиси басташавии ҳисоби шумо мешаванд.
Дар робита ба ин Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе таъкид мекунад, ки ҳеҷ гоҳ корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед, пеш аз фиристодани маълумоти шахсӣ ҳақиқати корфарморо санҷед, агар пешниҳоде дар бораи «иҷораи корт» шавад, фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳед ва амалиётро дар ҳисоби бонкиатон мунтазам санҷед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ