Ҳушдори Прокуратураи генералӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон

 Прокуратураи генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти  шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби шахсони алоҳида ва ширкатҳои гуногун ҳар гуна таблиғот (рекламаҳо) вобаста ба  таъмини  ҷойи кор дар давлатҳои хориҷӣ, бахусус Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Британияи Кабир зиёд гардидаанд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ин таблиғот (рекламаҳо) ягон асоси воқеӣ надошта, асосан барои мардумфиребӣ ва бо роҳҳои қаллобӣ аз худ намудани маблағҳои пулии шаҳрвандон истифода шуда, дорои пайомадҳои манфӣ, инчунин боиси ба шаҳрвандон расонидани зарари молу мулкӣ ба миқдори калон мегарданд.

Аз ин рӯ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғоти беасос оид ба таъмини ҷойи кор дар хориҷи мамлакат  нашаванд ва худро зери хатар нагузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *