Ҳусноро барои навору аксҳои ғайриахлоқиаш ба ҷавобгарӣ кашида шуд

Ҳусноро Муҳаммадиева, сокини 26-солаи шаҳри Душанбе барои паҳн намудани расму наворҳои ғайриахлоқӣ аз ҷониби мақомоти милитсия боздошт гардид.

Гуфта мешавад, ки дар асоси муроҷиати шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Муҳаммадиева Ҳусноро Шуҳратовна, санаи таваллудаш 6.08.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм саҳифаи шахсии худро таъсис дода, бо мақсади зиёд намудани шумораи обуначиёнёнаш мунтазам расм ва наворҳои нимурёну ғайриахлоқии худро нашр намудааст.

«Воқеан чунин амали ношоиста, ки берун аз одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва дур аз оини миллист, ба зеҳну ахлоқи наврасон таъсири манфии худро мерасонад.  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муҳаммадиева Ҳусноро маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба суд ирсол карда шуд»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *