Ҷаббор Расулов: Марги ӯ оғози шикасти низом дар Тоҷикистон буд…
Аз он рӯз 38 сол сипарӣ шуд. Он лаҳза агар дар хоби шаб ба хотирам расад, аз ҷой парида мехезам, зери обу арақ мемонам,- мегуяд ӯ. Ба беқадрии инсону ширинии мансаб нафратам меояд.
3 апрели соли 1982 буд. Дар анҷумани комсомоли ҷумҳурӣ ҳолати Котиби якуми КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов бад шуд. Ӯро ба хонааш овардем. Духтурон баъд аз муоина фармуданд, ки ба беморхонаи Қарияи Боло барем. Аммо аҳволи Ҷаббор Расулов беҳтар нашуд. 3 апрели соли 1982, соати 24.00 чашм аз ҳаёт пӯшад.
Ман фавран ба раиси Кумитаи амнияти давлатӣ Первенсев Е.И. хабар додам. Ӯ дастур дод, ки аъзои бюроро огоҳ кунам. Соати 3-и шаб аъзои бюро Полукаров Ю.И., Первенсев Е.И., Додобаев М.Б., Бобосодиқова Г.Б., Набиев Р.Н., Холов М.Х., Ҳайдаров А.Х.. Дедов И.Р.дар беморхонаи Қарияи Боло ҷамъ омаданд. Дар чунин лаҳзаҳо кию чи будани кас чун рӯз рӯшан мегардад. Ман ба ҳар ҳарфу ҳаракати аъзои бюро, ҳасафони Ҷаббор Расулов бодиққат гӯш медодам ва назора мебурдам. «- Чи ҳам мехостед, сактаи қалб», — гуфт беэътиноёна котиби дуюм Ю.И.Полукаров. Раиси КБД Е.И.Первенсев ҳам гӯё чизе нашуда бошад, чашмаш хам намехурд. Набиев Р. Н., Додобоев А.Д., Бобоев М.Б., Холов М.Х., Дедов И.Р. сахт андӯҳгин буданд. Духтари Ҷаббор Расулов Ирина Ҷабборовна навҳакашон мегирист. Бобосодиқова Г.Б. дар паҳлуяш истода, мехост ӯро ором созад…
Матни пурраро дар шумораи навбатии ҳафтаноми «Тоҷикистон» мутолиа кунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ