Ҷаббор Расулов. Марги ӯ оғози шикасти низом дар Тоҷикистон буд (қисми дуюм)
Чӣ дорӣ?
Як коняки арманӣ ва лимон гуфтам.
— Биёянд, вале аз 6 -7 дақиқа зиёд не.
Ман ин суханонро ба Ғоибназар Паллаев расонидам. Ӯ гуфт, ки коняк наменӯшад, шояд бо худ арақ гирад.
-Зарур бошад, раво бошад. Дар ин маврид коняк ҳам нӯшед, зиён надорад, — гуфтам. Зеро дар давоми ҳашт соли ёрдамчӣ будан боре ҳам надидам, ки касеро бо дастовез Ҷаббор Расулов қабул карда бошанд. Он кас барои порахӯр марг буданд.
Котибони обком Рифат Ҳоҷиев, Муҳиддин Зоиров, Иззатулло Ҳаёев ва Ғоибназар Паллаев ҷамъ омаданд. Ҷаббор Расулов, ҳарчанд дар меҳмонхона бошанд ҳам, онҳоро бо либоси расмӣ истиқбол гирифтанд, сухани кӯтоҳи табрикиашонро гӯш карданд, рамзӣ қадаҳ ба лаб бурданд. Ин буд ягона табрикот ва меҳмондории Ҷаббор Расулов ба ифтихори Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шудан.
Рӯзи дигар ба Душанбе баргаштем. Аъзои бюрои КМ ба пешвоз баромада буданд. Ҳаво сард, Ҷаббор Расулов дар тан палто доштанд. Ҳама кунҷковона ба сари синаи он кас менигаристанд, ки ситораи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистиро бинанд. Ба толор даромадем. Оҳиста наздашон омадам ва гуфтам, ки ҳавои толор гарм аст, палторо кашанд. Ин охирин боре буд, ки мо дар сари синаи он кас нишони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистиро дидем.
Як бори дигар низ шоҳиди манзараи намоиши ситораи тилло будам, дар Пленуми КМ аз Маскав намоянда омада буд. Ҳангоми ба толор даромадан, ӯ аз Ҷаббор Расулов пурсид, ки нишони қаҳрамонӣ куҷост? Он кас аз бағалкиса рӯймолчаеро берун оварданд, ки дар он нишони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистї хушрӯ печонида шуда буд. Намоянда бо ҳайрат пурсид, ки чаро дар киса нигоҳ медоред? «Ин нишон натиҷаи заҳматҳои тамоми мардуми Тоҷикистон аст, ба як ман тааллуқ надорад»,- гуфтанд дар ҷавоб ва рӯймолчаро дубора ба киса гузоштанд.
Ҷаббор Расулов дар Иттифоқи Советӣ дуюмин касе буданд, ки 9 ордени Ленин доштанд. Ордени Ленин мукофоти олӣ дар СССР буд.
Одами заминӣ буданд Ҷаббор Расулов. Боре, тамузи тобистон, ба ноҳияҳои пахтакори минтақаи Вахш сафар карданд. Рафти пахтакориро то ба чашми худ намедиданд, ором намегаштанд. Полукаров Юрий Иванович (аз соли 1975 то 1984 Котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон) нав Котиби дуюм таъин шуда буд. Ӯ низ ба сафар ҳамроҳ шуд. Ӯ гумон дошт, ки дар ноҳияҳо барои Котиби якум зиёфатҳои пурдабдаба меороянд. Дастархони нисфирӯзӣ барои Ҷаббор Расулов оростаро дида, қариб буд, ки чашм аз косахонаи сараш барояд: ду дона нон, мевагӣ ва як коса шӯрбо. Ҷаббор Расулов оби шӯрборо мисли чой дам кашиданду зуд аз ҷой хестанд. «- Дер шуд, фурсат намешавад, ки ҳама ноҳияро бинем!», — гуфтанд.
Хӯрокашон ҳам чун зиндагиашон хоксорона буд. Ҳамеша пушти мошин ду нон, консерва ва термоси чой доштанд. Гоҳо сари роҳ мошинро нигоҳ медоштанд, зери сояи дарахте рӯзномае паҳн мекарданд ва хӯрок мехӯрданд. Он кас, аслан «Правда» ва «Тоҷикистони советӣ» мехонданд. Полукаров Ю.И. баъди дидани ин манзара гӯшашро кашид, дигар бо он кас сафар накард.
Дар қиёс бо Ҷаббор Расулов ӯ маишатро дӯст медошт. Ҳар рӯз 250 грамм арақ ва ду бутилка пива менӯшид. Боз як хулқи бад дошт: худашро касал рост карда, бо ҳамшираи шафқати таранги зебояш соатҳо дар кабинеташ ғайб мезад. Ҳамсараш бемор — бистарӣ буд. Бо баҳонаи мањс ҳамшираи шафқатро хонааш мебурд. Аз пора ҳам рӯй наметофт. Як вақт раҳматӣ Сироҷиддин Насриддинов (намояндаи Тоҷикистон дар Маскав) нақл карданд, ки ҳамсари Полукаров Ю.И. вафот кард. Барои ташкили дафн Полукаров як баста пул мефиристад ва ҳама пулҳои фарсудаи 3 ва 5 — рубла.
Замона чунин буд, ки дасти котиби дуюму прокурори ҷумҳурӣ (ҳар ду намояндаи Маскав) дароз буд. Онҳо бо як ҷомадон ба Тоҷикистон меомаданду бо якчанд ҷомадон бармегаштанд. Беҳтарин моле, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешуд, насиби онҳо мегашт. Як вақт ба Тоҷикистон ду баста мебели ҷопонӣ омад. Нархи ҳар кадомаш 60 000 рубл буд (тахминан 70 000 доллари амрикоӣ). Яктоашро прокурори ҷумҳурӣ Шелочинин Алексей Александорвич (солҳои 1973 –1982 прокурори ҶСС Тоҷикистон) фавран гирифт. Дурусттараш хонааш оварда доданд. Дигареро Ҷӯрабек Муродов харид.
Албатта, котиби якум беқудрат набуд. Аммо пурра дар дасташ будани лаҷоми ҳукумат асос надорад. Дар ҷои кор, хона, сари ҳар қадам нафаси КГБ- ро эҳсос мекард. Кӯтоҳдастӣ аз беҷуръатӣ. Марказ табиати мардуми моро хуб омӯхта буд. Маҳалпарастӣ, мансабпарастӣ, бегонапарастӣ, боз парастишҳои дигаре буданд, ки дар хуни мо ҷой дорад ва онҳоро Маскав устокорона истифода мебурд. Тафриқа меандохту ҳукумат меронд. Роҳбарони маҳаллӣ ҳам хуб медонистанд, ки Марказ, намояндагони онро сарфи назар кардану такя ба ҳаммаслакони ҳамватанон кардан дар сари мӯй қарор доштан аст. Билхоса, ба онҳое, ки пой дар риқобанд. Зеро аксар тамаллуқкор буданду ҳастанд. Барояшон гӯр сӯзаду дег ҷӯшад.
Дар ҷумҳурӣ гурбаи Котиби дуюм, раиси КГБ, прокурори ҷумҳуриро касе ҷуръати пишт гуфтан надошт. Чунки қурби сухани онҳо барои Маскав аз қурби сухани Котиби якум болотар буд. Дар зоҳир менамуд, ки Ҷаббор Расулов роҳбари ҷумҳурист. Аммо сухани охир аз забони ин се нафар мебаромад. Мисоли равшан Котиби дуюми ПК Тоҷикистон Пётр Кириллович Лучинский (солҳои 1986 — 1989 котиби 2 -юми КМ ПК Тоҷикистон) буд, ки густохона замина барои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гузошт.
Бармегардем ба он лаҳзае, ки ба хотир оварам, мӯи баданам мехезад. Бобосодиқова аз ҳама бештар ғарқи андуҳ буд. Ӯ пушту паноҳ, падари маънавиашро аз даст дода буд. Шояд дар фикри он буд, ки баъди марги Ҷаббор Расулов курсии котибиаш чӣ хоҳад шуд. Полукаров Ю.А. гӯё чизе нашуда бошад, пасу пеш қадам мезад. Раиси КГБ Первенсев Е.И. бо чашмони уқобӣ ҳар кадомеро бо нигоҳаш шикоф мекард. Чашмони ғамгини Раҳмон Набиев, раиси Шӯрои Вазирон ожангҳои пешониашро бештар карда буд. Ирина Ҷабборовна дар даст рӯймолча ашк мерехт. Н. Дадабоев А.Д., Бобоев М.Б., Холов М.Х., Дедов И.Р. дар як гӯша мунтазири дастур буданд.
Бо ишораи Полукаров Ю.А. ҳама гирди ӯ ҷамъ омаданд. Ӯ дастур дод, ки фардо соати 8.00 дар Кумитаи Марказӣ ҷамъ оянд. Ҳозирон парешон шуданд. Баъд аз бисту як соли котиби якумӣ, роҳбарии ҷумҳурӣ Ҷаббор Расулов дигар ба касе лозим набуд. Ӯро наздикон, дӯстон, ҳамҳизбиён дар як гӯшаи сардхонаи Бемористони Қарияи Боло ба гӯшаи фаромӯшӣ супориданд. Ҳама дар ғами он буд, ки фардо бо ӯ чӣ хоҳад шуд?
Рӯзи дигар, бюрои КМ раиси Совети Вазирон Раҳмон Набиевро раиси Кумитаи дафни Ҷаббор Расулов интихоб намуд.
Бо роҳбарии котиби 2-юм Полукаров Ю.А., иштироки аъзои бюрои КМ Первенсев Е.И., Дадабоев А.Д., Бобоев М.Б., Холов М.Х., Дедов И.Р. барои ҳисобу китоби молу мулки Ҷаббор Расулов комиссияи махсус таъсис ёфт. Комиссия аввал сейфи Ҷаббор Расуловро кушод. Он лаҳза паша пар намезад. Ҳама гӯш ба қимору чашмон сӯи сейф чор буданд. Танҳо садои тоб хӯрдани калид ба гӯш мерасид. Интизор доштанд, ки баробари боз шудани дари сейф ҳама дороияш ба рӯи фарш мерезад. Чунки марги Ҷаббор Расулов ғайриинтизор буд. Ҳатто барои худашон. Аз гиребонаш гирифти марг дар анҷумани комсомол ногаҳонӣ буд. Гумон аст, фурсат ёфта бошанд, ки тилловорию бастаҳои пул, туҳфаҳои қиматбаҳои аз ҳозиру нозиррасидаро аз сейф берун кашида, ба наздиконаш тақсим карда бошанд. Шояд аъзои бюро дар ҳамин фикр буданд. Ман дар тасвири он лаҳза оҷизам. Дари сейф боз шуд, чизе аз он ба замин наафтод. Дороиҳоро берун кашиданд. Тарбуз аз бағали ҳама афтод. Дар рӯи миз квитансияҳои зиёд ва дафтарчаи бонкӣ мехобиданд. Бастаи квитансияҳо ботартиб рӯи миз чиданд. Онҳо пардохтҳои бисту як соли охир барои барқу хона ва меҳмонхонаҳо ҳангоми сафарҳо буданд. Дафтарчаи бонкӣ – ҳама чашмҳо ҷониби он дӯхта шуданд. Онро Первенсев ба даст гирифт. Аввал ба дафтарча ва сипас ба атрофиён назар андохт. Чӣ мегуфта бошад? Нависед, дастур дод ӯ: Дар дафтарчаи бонкии Ҷаббор Расулов дар давоми 21 соли Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон будан 4 200 (чор ҳазору дусад) рубл ҷамъ омадааст. Котиб, ки акт тартиб медод, мисли он ки дар ҷояш шах шуда бошад, ҳайрон ҷониби Первенсев Е.И. менигарист. Шояд ғалат шуда бошад? Шояд ин маблағи яксола бошад? Не, ин маблағе буд, ки дар тӯли бисту як соли роҳбари Тоҷикистон Ҷаббор Расулов ҷамъ оварда буд.
Бюрои КМ Раҳмон Набиевро раиси маросими дафни Ҷаббор Расулов интихоб кард. Ҳама маҳкам миён баста буданд, ҳам мотамзадагону ҳам мансабталошон. Мазҳака дар пеш буд…
(Давом дорад)
Шариф Ҳамдампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ