Ҷаласаи Ҳукумат ба кори худ оғоз кард

Имрӯз, 20-уми январ дар шаҳри Душанбе маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон оғоз гардид. Тавре як манъба аз Ҳукумати кишвар иттилоъ дод, ҷаласа таҳти раёсати Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.

Аслан дар маҷлиси васеи Ҳукумат нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2019 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2020 муайян карда мешавад. Аъзои Ҳукумат аз ҷумла, вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, иҷрои стратегияву барномаҳо, нақшаҳои қабулшуда ва дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Сарвари давлат гузошта шудаанд, инчунин камбудиву норасоиҳо ва мушкилоту масъалаҳои дар соҳаҳои мухталиф ҷойдошта, роҳҳои ҳалли онҳоро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор хоҳанд дод.

Интизор меравад, ки баъд аз анҷоми ҷаласаи Ҳукумати кишвар дар як қатор муассисаҳои олии кишвар ва сохторҳои дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат мегирад. рressa.tj мавзӯи мазкурро пайгирӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *