Ҷавон аз “Мерседес” 700 000 сомонӣ дуздид
Ҷавоне дар шаҳри Душанбе тирезаи ақиби автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» — ро шикаста, аз дохилаш 700 000 сомониро дуздидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидаст, ки санаи 17 ба 18-уми декабри соли 2019, шахсони номаълум дар кӯчаи Деҳотии пойтахт бо роҳи пинҳонӣ тирезаи ақиби автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро шикаста, аз дохилаш 700 000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
“Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини кӯчаи К.Сеткинаи шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид”, — омадааст дар иттилоия.
Айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ