Ҷавон худро бо норинҷак тарконд

Дирӯз Иван Мезентсев, сокини пойтахти кишвар, норинҷаки РГД-5-ро дар назди даромадгоҳи бинои истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ таркондааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, санаи 14 январи соли ҷорӣ тахминан соатҳои 16:30 дақиқа, шаҳрванд Мезентсев Иван Андреевич соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ 176, ҳуҷраи 5, ки ғайриқонунӣ як адад норинҷаки РГД-5-ро дар хонаи истиқоматиаш нигоҳ медошт, бо худ гирифта ҳангоми қарордошт дар назди даромадгоҳи (подъезд) бино дар ҳолати мастӣ ва муносибати хунукназаронааш бо дастгоҳи тарканда таркиш ба амал омадааст.

“Дар натиҷаи таркиши норинҷак шаҳрванд Мезентсев Иван Андреевич ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид”,-омадааст дар иттилоия.

Санҷиши ҳодиса аз ҷониби гуруҳи оперативӣ-тафтишотии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *