Ҷефф Безос: Сарватмандтарин одами сайёра барои наҷоти замин 10 миллиард доллар ҷудо намуд

Сарвадмандтарин одами дунё,  директори генералии “Амазонка” Ҷефф Безос тасмим гирифт, ки “Бунёди Замин”-ро ба хотири мубориза бо тағирёбии иқлим дар сайёра таъсис диҳад ва бо ин мақсад 10 миллиард доллар аз буҷаи худ ҷудо намуд. Дар ин бора ӯ дар “Instagram”-и худ иттило медиҳад.

«Ман мехоҳам усулҳои аллакай омӯхташударо дар амалия ҷори намуда, усулҳои навро дар мубориза бо оқибатҳои харобиовари тағирёбии иқлим кашф кунам» — менависад Безос.

Дар ин росто Безос аз ширкатҳо, ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва мардуми оддӣ даъват кард, ки бояд дар якҷоягӣ ин иқдомро дар амалия ҷори намоянд.

Инчунин Безоз ба мардум муроҷиат карда, менависад:

«Замин ягона омилест, ки ҳамаи моро муттаҳид мекунад — биёед онро якҷоя ҳифз кунем»

Тавре рӯзномаи “Forbes» иттило медиҳад Ҷефф Безос сарватмандтарин одами сайёра дониста шуда, сармояаш ба 115,5 миллиард доллар мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *