Ҷўрабек тор бигрифту навохт

Устод Ҷўрабек Муродов нахустин устоди забону адабиёти мо, насли мо ва ҳамаи наслҳои баъд аз мост. Мо агар талаффузи ҳарфу ҳиҷоро аз модар ёд гирифта бошем, талаффузи дурусти вожаҳои забони адабиро аз ў омўхтаему нахустин ғазалҳоро бо овози ширини ў аз бар кардаем.

Он солҳо, ки маҷмўае аз ашъори Мавлавӣ ба хати кириллӣ нашр нашуда буд, мо аз «Девони кабир» ғазалҳо аз бар доштем. Шояд танҳо мо, мухлисони устод Ҷӯрабек Муродов будем, ки аз аксари шоирони машҳуру номашҳури классику муосир шеърҳо дар анбон доштему дар имтиҳони қабули донишгоҳҳо дарнамемондем. Нафаре гуфта буд, ки дар имтиҳони қабули факултаи филологӣ ба саволи «Шеъре аз Устод Садриддин Айнӣ» ғазали «Ин ҳама ширинлабон афтода дар банди шумо»-ро аз барномаи устод Ҷўрабек Муродов посух гуфтам, чун маҷмўаи ашъори сардафтари адабиёти навини тоҷик он солҳо камёб буд.

Ҳангоме ки Ҷўрабек Муродов ба саҳнаи ҳунар ворид шуд, фазои сиёсӣ андак нармтар гардида, ба адабиёту санъат низ асар карда буд. Дар ин давра маънии Ватан дар эҷодиёти насли калонсол то андозае тобиши нав гирифт. Насли нави олимону эҷодкорон бо андешаҳои миллӣ сари кор омад. Ҷўрабек Муродов аз ҳамин насли бедоркунандаву омўзгор буд. Дигаргуниҳои фарҳангӣ ва андешаи миллиро дар эҷодиёти худ бозтоб мекарду ба ҳамаи мардум, аз хурд то калон, мерасонд. Дар ҷойҳое, ки мактаби тоҷикӣ набуд, бо созу овози ў ба гўши бачаҳо шеърҳои шоирони калассику муосир мерасиду ба зеҳнашон менишаст. Забон меомўхтанду адабиёт ва худогоҳӣ. Охир, мактаб танҳо он нест, ки паси миз нишинию бинависӣ ва даст боло куниву бигўӣ! Китобро ҳам на ҳама мехонанд, аммо мусиқиву овози форам ба гўшу ҳуши ҳама роҳ мебарад, шеъру суханро ба дил мерасонад.

Солҳои шастуми садаи гузашта, замони зуҳури истеъдоди устод Ҷўрабек Муродов, мардум дар навоҳии Тоҷикистон ва умуман Тоҷикистони таърихӣ, яъне дар густураи Осиёи Миёна, бештар Фахриддин Умаров, Маъмурҷон Узоқов, Комилҷон Отаниёзов ва монанди инҳоро гўш мекарданд, зеро матни сурудҳои инҳо ӯзбекӣ бошад ҳам, мусиқиашон тоҷикӣ буд, бо сабки овозхонии суннатии тоҷикӣ месароиданд. Суруди инон пайваста тариқи радио садо медод ва сабташон дар қартаҳо ҳама ҷо дастрас буд. Устод Ҷӯрабек Муродов ба саҳна ворид шуда, зуд машҳур гашт, зеро ниёзи маънавӣ ба чунин як овозхони тоҷик дар миён буд. Дар филми мустанади «Ҳоҷӣ Абдулазиз» лаҳзаи ҷолибе ҳаст — як марди муътабари самарқандӣ зимни ёддошт аз Ҳоҷӣ Абдулазиз мегўяд: «Як вақт аз радио суруде шунидам, гуфтам, Ҳоҷӣ Абдулазиз зинда шуден-мӣ? Баъд фаҳмидам, ки ин кас хонандаи нав Ҷўрабек Муродов буден». Чун Устод сабки овозхонии Тоҷикистони таърихиро идома дода, оҳангҳои ноби касбиро бо номи «классикӣ» дубора бо матнҳои тоҷикӣ сароид ва сурудҳои эстрадиаш ҳам реша дар сабки суннатӣ доштанд, ба зудӣ фазоро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар кулли Тоҷикистони таърихӣ дубора пас гирифт.

Ин рисолатро устод Ҷўрабек Муродов бе ҳеҷ гуна даъвову балво, чунон табиӣ ба анҷом расонд, ки барои овозхонҳову ҳукуматҳои он ҷумҳуриҳо ҳам ҳамеша меҳмони азизу дўсти гиромӣ боқӣ монд, ҳатто барои хидматҳояш дар тарбияи маънавии мардум унвони «Ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон» доданд. Чунин равиши ў сухани Маҳатма Гандиро ба ёд меорад, ки хитоб ба муборизони озодии Ҳиндустон гуфта буд: «Ба англисҳо хашм магиред, ватани моро онҳо нагирифтаанд, мо худамон ба онҳо додаем ва худамон бояд пас бигирем».

Марзҳои сунъӣ фазои ягонаи фарҳангиро шикаста натавонистанд, тўли шаст соли фаъолияти эҷодӣ устод дар қатори ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон дар фазои фарҳангии ҷумҳуриҳои ҳамсоя, бавежа Ӯзбекистон, ҳамеша ҳузур дошт. Он қадар ҳаводоронаш зиёд буданд, ки консертҳояш дар стадионҳо баргузор мегардиданд. Ба ҷуз ин ки зуд-зуд ба сафарҳои ҳунарӣ мерафт, мардум ба маъракаҳои шодӣ даъваташ мекарданд. Аз ин роҳ қариб ҳар ҳафта устод бо мардуми шаҳриву мутамаддини бе мактабу бе китоби тоҷикӣ монда мулоқот дошт. Аз тариқи радиову телевизион ба ҳар хона забони тоҷикиро ворид мекард. Ҳар маърака як ҷамъомади фарҳангӣ буд. Дар ҳамаи шаҳрҳову ноҳияҳои кишвари ҳамсоя ёру дўстони зиёд пайдо кард. Дар таърихи фарҳанги мо дар саросари Тоҷикистони таърихӣ касеро наметавон пайдо кард, ки ба андозаи ў шунаванда дошта бошад. Дар ниҳоди ин шунавандаҳо фарҳанги миллӣ, забони миллӣ рушд меёфту ҳисси худшиносии миллӣ бедор мегардид. Шогирдони сершумори устод низ ҳар ҳафта даста-даста дар Самарқанду Бухорову Тошканду Фарғонаву Тирмиз буданду бо оҳангу суруди ў ва ҳатто бо овози ў барои рафъи ҷудоиву халои маънавӣ пайкор мекарданд. Таҷрибаи кори Ҷўрабек Мурдов метавонад беҳтарин модел бошад барои равобити фарҳангӣ бо ҳаммиллатони фаромарзӣ.

Воқеан, маҷмўи сурудҳои устод Ҷўрабек Муродов беҳтарин баёзи шеър аст, аз калссикӣ гирифта то муосир ва фолклор. Беҳтарин намунаи шеърҳои шоирони маъруфи классику муосир ва тарнаҳои мардумиро он ҷо метавон дарёфт кард. Ин шеърҳо ҳам аз ҷиҳати маънӣ баланд, ҳам ба вежагиҳои суруд мувофиқ ва ҳам ба ҳадафи тарбияти фарҳангиву худшиносии миллӣ, ки Устод ҳамеша дунболи он буда, созгоранд.

Чизи дигаре, ки мо мадюни ў ҳастем, шеъру мусиқии муосири ҳамзабонон аст, ки тавассути ў бо онҳо ошно шудаем. Устод ҳанўз аз солҳои шастум то имрўз ба ашъори шоирони Эрону шоирони тоҷикзабони Ӯзбекистон оҳанг мебандад ва он шеърҳоро мардум аз бар доранд, масалан, «Эй писар модари худро маёзор»-и Маликушшуаро Баҳор, «Писар, рав қадри модар дон»-и Эраҷ Мирзо, «Ҳамин аз ғам на танҳо чашми хунполои ман гиряд»-и Ахавони Солис, «Шунидам, ки чун қўи зебо бимирад»-и  Ҳамидии Шерозӣ, «Омадӣ, ҷонам ба қурбонат, вале ҳоло чаро»-и Шаҳриёр, «Кўча-кўча мегирям»-и Таваккулӣ, «Модар, сари қабрат омадам боз»-и Ҷонибек Қувноқ. Ва бо ин исбот кард, ки адабиёти мо ҳамзабонон на танҳо то асри шонздаҳ, балки то имрўз ҳам, ба истилоҳ, форсӣ-тоҷикист, яъне як аст ва метавонад барои ҳамдигар баробар хидмат кунад.

Устод борҳо ба кишварҳои ҳамзабони Эрону Афғонистон сафарҳои ҳунарӣ анҷом додаву бо овозхонҳои маъруфи ин кишварҳо риштаи дўстӣ пайваста, аз он ҷо сурудҳои дилнишине оварда, бозхонӣ кардааст. Ҳанўз соли 1966 зимни сафар ба Афғонистон бо овозхони хосаи шоҳ — Қосимӣ мулоқот карда, суруди «Эй кабки дарӣ, биё ба паҳлуям»-ро барои шунавандаи тоҷик армуғон овард. Дар он замон, ки садду банди марзҳо аз Девори Чин ҳам сахттар буд, ба тақозои кашиши ботинӣ дар ин сафарҳо ваҳдату қурбати ҳамзабонони ҳамхуну ҳамфарҳанги ҷудоафтодаро ҳадаф дошт. «Эй кабки дарӣ»-ро баъд аз ў чандин нафари дигар ҳам хонданд ва то имрўз яке аз сурудҳои дўстдошта боқӣ мондааст. Баъдтар чунин мулоқотҳои дўстона бо Оғои Хаёл, Аҳмад Зоҳир ва дигар овозхонони Афғонистон низ сурат гирифт, ки «Каҷаки абрўт неши каждум аст», «Худат гул», «То тура дидам» ва монанди инҳо раҳоварди он сафарҳоянд. Чунин сафарҳоро ба Эрон низ анҷом дода, сурудҳои «Ёри хушгилам Зулайхо», «Ба ту ҳарфе оштӣ набошам» ва боз чанди дигарро бозхонӣ карда, эҳсоси ягонагиву муҳаббатро дар дили мардум барангехт. Ахиран суруди «Тоҷик ва ё форс ва ё аҳли дарием»-и ў, ки аз рубоиҳои Абўсаиди Абулхайр ва Ҳазрати Ғайрат фароҳам шудааст, аз тариқи чандин шабакаи интернетии форсизабонони дунё пахшу баррасӣ гардид ва даҳҳо милён бинанда тамошо карданд!

Хулоса, агар ба хидматҳои устод Ҷўрабек Муродов баҳри тарбияи маънавии хурду бузург, рушди фарҳанги миллӣ, таҳкими ваҳдат, ҳиси худшиносӣ ва бақои миллат боинсофона мутаваҷҷеҳ шавем, як абармарди миллатро рў ба рўи худ муҷассам мебинем. Заҳматҳои ҳадафманди шаборўзӣ, дилу нияти соф, ки бо истеъдод тавъаманд, ин мақомро барои ў фароҳам кардаанд.

Эшони СУБҲОНЗОД, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *