Ҷӯрабек Муродов: Аз пашша фил насозед… санъат сиёсат аст!

Имрӯз Ҳунарпешаи халқии СССР, яке аз пояҳои мустаҳками санъати тоҷик устод Ҷурбаек Муродов зодрӯз дорад. Сарҳофизи кишвар имрӯз 77 сола шуд.

Дар зер мусоҳибаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”-ро бо Ҷӯрабек Муродов оид ба вазъи санъат, роҳи зиндагӣ, сиёсат ва ҷавонон мутолиа кунед.

— Аз назари Шумо барои инсон чӣ муҳимтар аст? Ҳунарманд будан ё шахсият ?

— Ин ду болҳои як парандаанд. Агар яке набошад, парвоз имконнопазир мегардад.

— Кадомеро дар ҷойи аввал мегузоред?

— Дар мавриди овозхонӣ истеъдод — ҳунар шояд мақоми болотар дошта бошад. Санъаткорро бо ҳунараш мешиносанд, на аз рӯйи шахсияташ. Вале шахсият сутунмуҳраест, ки ҷисмро нигоҳ медорад.

— Шумо худро шахсият медонед?

— Ин қазоватро ба мардум ҳавола кунед.

— Мегӯянд, ки Шумо ҳунарманди дирӯз ҳастед…

— Ҳунари асил имрӯзу дирӯз надорад. Хоҷа Абдулазизро баъди сад сол ҳам гӯш хоҳанд кард…

— Баъзеҳо афсӯс мехӯранд, ки ҳунарманди асил Ҷӯрабек Муродов худро беҳуда ба сиёсат зад.

— Санъат сиёсат аст. Санъаткор берун аз сиёсат буда наметавонад, зеро дилу диди ҳассос дорад, дар сафи аввали зиёии кишвар меистад. Ҳикоятеро мутолиа карда будам, вале муаллифашро ёд надорам. Рассоме мақсад мегузорад, ки аз сиёсат берун бошаду ҳеҷ осоре аз сиёсат дар асарҳои ӯ роҳ наёбад. Ба ҷангал меравад ва ба тасвири табиат мепардозад. Дар яке аз аксҳояш ҷангали лаби кӯл ва порае аз симхор тасвир меёбад. Рассомро ба ҷурми ҷосусӣ ба ҳабс мегиранд. Минтақаи тасвиркардаи рассом қароргоҳи ҳарбӣ будааст. Рассом хилофи иродааш ба сиёсат дармеомезад.

-Пас, Шумо аз сиёсат дар канор нестед?

-Ҳофиз шеър интихоб мекунад, оҳанг мебандад. Аксаран, шеърҳо ва оҳангҳо ифодакунандаи рӯҳия ва сиёсати замонанд. Ё дар ҷумҳурӣ маъракаи сиёсие сурат мегирад, маъмурони соҳаи фарҳанг дастур медиҳанд, ки  фалон сурудро мехонӣ. Ба ин восита, мустақим набошад

ҳам, ғайри мустақим ба сиёсат иртибот мегирӣ.

— Шумо депутат будед, иртиботи мустақим ба сиёсат доштед?

— Бале. Аҳли ҳунар бояд намояндаи худро дар парлумон дошта бошанд, то ки манфиатҳои онҳоро дар ин шохаи давлат ҳимоя кунад. Дар соҳаи фарҳанг қонунҳо қабул мешаванд, қарорҳо ба тасвиб мерасанд. Ба назари шумо, кӣ онҳоро баррасӣ бояд кунад? Ҳуқуқшиносе, ки аз ин соҳа дур аст ё мутахассисе, ки  аз ҳуқуқ огоҳӣ дорад?

Чаро ҳофизон баъзан олудаи бозиҳои сиёсӣ мегарданд?

— Онҳо олуда нестанд, балки нотавонбинон кӯшиш мекунанд, онҳоро олуда созанд. Санъаткор хизматгори мардум аст, дар маъракаи шоҳ ҳам хидмат мекунаду дар давраи дарвеш ҳам. Моро даъват мекунанд, рӯйи одам ширин, даъваташонро мепазирем, овозхонӣ мекунем. Як вақт мебинӣ, ки аз пашша фил сохтаанд: медонӣ, фалонӣ дар тӯйи фалонӣ хизмат кардааст. Яъне, агар соҳиби тӯй одами ба табъ номувофиқ бошад, ҳофиз ҳам ба ҳамон ҷумла дохил мешавад. Чунин ҳодиса борҳо бо худи ман рӯй додааст…

— Пас, чӣ бояд кард, ки ҳофизон аз ин «олудагӣ» раҳо ёбанд.

— Ба онҳо ҳамчун ба ҳофиз муносибат ва нигоҳ бояд кард!

— Ҳофизон магар махсусияти хоса доранд?

— Бале. Боре ман дар суҳбати Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба он кас гуфтам, ки мо ҳофизонро бубахшед, зеро аввал мегӯему баъд андеша мекунем.

— Чаро аксашро намекунед?

— Он гоҳ мо ҳофиз не, сиёсатмадор мешудем…

 — Шумо ҷонибдори кадом сиёсат ҳастед?

— Сиёсате, ки сулҳ орад, мардумро муттаҳид созад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов чунин сиёсатро пеш гирифтаанд ва ман ҳамчун санъаткор аз сиёсати он кас пуштибонӣ менамоям.

— Бисёр ҳофизон тӯйгардӣ мекунанд, Шумо ҳам гоҳо дар тӯйҳо иштирок мекунед. Магар ин ба рушди санъати касбӣ халал намерасонад?

— Мерасонад. Вале дигар чорае нест. Аввал, рӯйи одам ширин. Меоянд, узру маънӣ мекунанд. Дуюм, кадом минбари дигаре ҳаст, ки ҳофиз аз он ҳунари худро дастраси мардум гардонаду манбаи даромад дошта

бошад? Ногузир ба ин роҳ мераванд. Замони шӯравӣ нақшаи сафарҳои ҳунарӣ буд: дар як моҳ бист сафар. Мунодӣ, тарғибгари фарҳанги тоҷик будем. Тӯйгардии ҳофизон натиҷаи бетаваҷҷуҳӣ нисбати онҳост.

— Чаро имрӯз чунин сафарҳо нестанд?

бояд бошанд. Аз ҷониби дигар, мо дар замони бозаргонӣ зиндагонӣ дорем. Даромади асосии буҷаи Ҳиндустон аз ҳисоби содироти филмҳои ҳунарист. Чаро мо бо ҳунари худ аз кишварҳои хориҷа ба Тоҷикистон асъор ворид насозем? Ин ҷо ҳам иқтисодиёт асту ҳам сиёсат — тарғиби фарҳанги миллӣ. Масалан, ман ҳамчун Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кор омода ҳастам. Дар Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия, Афғонистон, Эрон, Амрико, Исроил ва дигар кишварҳо ҳаводорон дорам. Вале намефаҳмам, ки пеши роҳи Вазорати фарҳангро дар ин кори барои ҷумҳурии мо ниҳоят муҳим чӣ бозмедорад? Фарҳанг ҳам содирот мехоҳад. Дар акси ҳол, мо кирми лойхӯраки ба ҳам печидаи дохили бутилкаро мемонем. Мо бояд аз худкушӣ ба худшиносӣ гароем.

— Таъмини пешрафти фарҳанги кишварро дар чӣ мебинед?

— Пеш аз он ки хона созанд, нақшаи онро мекашанд. Бе тартиб додани барномаи махсус оид ба таъмини пешрафти фарҳанг амалидошти ин амр имконнопазир аст. Асри ХХI асри муборизаи тамаддунҳост. Фарҳанги муосири тоҷик бояд аз ҳисоби фарҳанги миллатҳои

дигар ғанӣ гардад. Мутаассифона, дар ин самт мо ҳанӯз аз доираи маҳал берун нарафтаем. Аҳмад Зоҳир мехост фарҳанги Шарқу Ғарбро оштӣ диҳад. Солҳои 90- уми асри гузашта ин кӯшиш дар овозхонию оҳангсозии мо ҷой дошт. Баъдтар ҷанги шаҳрвандӣ ин шуъларо хомӯш кард. Албатта, фазо холӣ намемонад. Ҷойи онро эстрадаи ба истилоҳ нимкасбӣ гирифт. Ҷавонон ба ҳунари овозхонӣ ҷалб шуданд. Падидаи тоза. Вале бузургтарин дороии миллати тоҷик «Шашмақом» ба гӯшаи фаромӯшӣ афтод. Хушбахтона, Президенти кишвар онро бо фармони худ зинда карданд. Рушди муназзами мусиқии классикӣ, маҳаллӣ ва Ғарб метавонад мусоидат ба пешрафти санъати мусиқӣ ва овозхонии мардуми мо кунад. Аммо фарҳанг танҳо иборат аз мусиқию овозхонӣ нест. Дигар самтҳо ҳам мавриди таваҷҷуҳ қарор бояд гиранд. Билхоса, театр.

— Чаро ин андешаҳоятонро ба Вазорати фарҳанг пешниҳод намекунед?

— Пурсанд, ки гӯем.

— Шумо бо вазири фарҳанг мулоқот доштед?

— Дар замони истиқлолият, ба гумонам, 6 вазир иваз шуд. Танҳо собиқ вазири фарҳанг Бобохон Алиевич ба мулоқот даъватам карда буданд. Президент вақтмеёбанду бо зиёиён мулоқот мекунанд. Ҳайронам, ки

чаро ин кор дар сатҳи поёнӣ сурат намегирад.

— Чаро худи ҳунармандон ташаббус нишон намедиҳанд?

— Аллакай дар ин маврид ҷавоб гуфтам. Вале як нукта ҷойи зикр аст. Замоне мо — Ҷӯрабек Муродов, Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов дар кишварамон шуҳрат доштем. Ҳарчанд рақобати мо солим буд, дар миёни мухлисонамон — ҷавонон рақобати носолиме ҷой дошт, баръало ҳис мешуд. Албатта, решаи он маҳал буд. Мо корро аз худ шурӯъ кардем: ҳамдигарро эътироф кардем, дӯстони ҷонӣ шудем. Ин рафтори мо ба мухлисонамон бетаъсир намонд. Он замон мо барои аз маҳал ба миллат рӯй овардан замина гузошта будем, зеро ҳама дарк карда будем, ки маҳалчигӣ миллатро мекушад. Албатта, имрӯз ҳам қувваҳои бадхоҳе ҳастанд, ки мехоҳанд ба ин васила миллати моро аз байн бибаранд.

— Роҳи наҷот аз маҳалгароӣ кадом аст?

— Маҳалгароӣ накардан. Хусусан ин иқдом барои аҳли санъат муҳим аст. Бароятон мисоле меорам: соли 1977 мо ба Афғонистон сафари ҳунарӣ доштем. Албатта, он вақт сиёсати ҷудоиандозии тоҷикони Афғонистону Тоҷикистон ҷой дошт. Орзуи ман мулоқот бо Аҳмад Зоҳир буд. Чанд консерт намоиш додем. Ман аз  роҳбари гурӯҳ ва намояндаи Вазорати фарҳанг хоҳиш кардам, ки мулоқоти маро бо Аҳмад Зоҳир баргузор кунанд. Имрӯзу фардо мекарданд. Оқибат гуфтанд, ки Аҳмад Зоҳир вақт надорад. Ноумед шудам. Дар яке

аз консертҳо суруди «Модар»-ро хондам. Баробари ба анҷом расидани суруд ҷавонмарди хушрӯе бо дастагул ба саҳна баромад ва маро ба оғӯш кашид. Ӯ Аҳмад Зоҳир буд. Мо дар паси парда 40 дақиқа суҳбат

доштем. Мулоқоти ман бо Саттор ва Шаҷариён низ соли 1986 чунин сурат гирифтааст. Якҷо бо Раҷ Капуру Алла Пугачёва сурудхонӣ кардаам. Ин гувоҳи он аст, ки мо, санъаткорон, барои аз байн бурдани маҳалгароию миллатгароӣ байни худ забон меёбем. Аммо бисёр

чизҳои дигаре ҳастанд, ки аз мо вобастагӣ надоранд.

— Шумо чанд сол боз дар саҳнаед?

— Қариб 60 сол.

— Хаста нашудед?

— Шумо бо ҳунаратон ифтихор доред?

— Ман фахр мекунам, ки тоҷикам. Медонед, дар Тошканд чӣ мегӯянд? Ҷӯрабеки тоҷик омад. Қирғизистон консерт рафтем. Як зани қирғиз дар бораи тоҷикон чунон бо самимият гап зад, ки ҳуш аз сарам канд. Телевизион ба навор мегирифт. Маро ба саҳна даъват карданд. Қирғизе дар паҳлӯям буд. Кулоҳи қирғизии ӯро аз сараш гирифтаму пӯшидам ва ба саҳна давидам. Толор аз ҷой бархесту ба кафкӯбӣ даромад. Ман аз толор савол кардам: — Медонед, чаро ман кулоҳи қирғизӣ ба сар кардам? Ва ҷавоб додам: — Шумо миллати маро

эҳтиром мекунед, ман миллати шуморо ба тори сар мебардорам. Толор дубора ба кафкӯбӣ даромад. Қонуни зиндагӣ ҳамин аст, қарсак аз ду даст меояд.

— Шумо дар Осиёи Марказӣ ягона овозхонед, ки дар ҷавонсолӣ ба гирифтани унвони «Артисти халқии СССР» сазовор гаштед. Ҳунаратон ба ғайр аз шуҳрат бароятон боз чӣ овард?

 — Албатта, ғурбат. Ҳофиз ки шудӣ, на хонаю дар мегӯӣ, на зану фарзанд. Албатта, ширинии зиндагӣ дар талхиҳои ӯст. Вале ҳунари ман, бар замми ин ҳама, ба ман нон дод. Буд вақте, ки маро таъқиб мекарданд. Мухлисонам дар Амрико, Исроил, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо бо гулдаста истиқбол гир ифтанд. Қории ёвонӣ аз гуруснагӣ мурд. Вале ҳунарам маро аз ин хатар наҷот дод…

— Шумо ҳамеша хушбин ҳастед, табассум дар лабонатон хона дорад…

— Ба ёд дорам байти зерини Урфии Шерозиро, ки ҳамеша устод Мирзо Турсунзода замзама мекарданд:

Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,

В-ин тифли нозпарвари ман дарбадар шавад.

Ин байт бозгӯйи ҳоли ман аст…

— Шумо якумр бо аҳли қалам ҳамқадам будед. Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ… ҳама шуморо дӯст медоштанд…

— Дурусттараш, ман онҳоро дӯст медоштам. Аз забони ин бузургон зиёд насиҳат шунидаам. Медонед, устод Турсунзода чӣ мегуфтанд: арақ нахӯр, пой ноҷо намон, шоиру ҳофиз номуси миллатанд! Гӯё, суханони одиянд, вале то ҳол дар гӯшҳоям ҳалқаанд. Лоиқ шахсияти аҷибе буд. Номи ӯро гиранд, дилам гум мезанад. Рӯзи маргаш дар маъракаи ҷашнии ноҳияи Конибодом будам. Фавран ба фурудгоҳи Хуҷанд омадам. Гуфтанд, ки шумо дар рӯйхати делегатсия нестед.

Дилам ранҷид. Дар рӯйхат одамоне буданд, ки на ба шеър иртибот доштанду на ба Лоиқ. Самолёт куҷо, ман омода будам, ки пиёда барои видоъ бо дӯстам ба Душанбе оям. Баъзеҳо одамро меранҷонанду миҷаашон хам намехӯрад…

 — Дили ҳофизон мисли табъашон нозук…

 — Дил — дия, одам диққат мешавад.

— Шеъри кадом шоир дарди дили шуморо ифода мекунад?

— Ашъори Рӯдакӣ, Мавлавӣ, Лоиқ, Фарзона…

— Бисёр ҳофизон вақте ба минбар мебароянд, ба ҷойи овозхонӣ ба сухангӯӣ мепардозанд…

— Ҳар кас кори метавонистагиашро кунад. Саҳна ҷойи муқаддас — меҳроб аст…

— Шумо аз чӣ метарсед?

— Аз Худо ва шахси ҷоҳил. Бесаводҳо ҳам хатарноканд, зеро бесаводӣ ба ҷаҳолат мебарад.

— Шумо душман доред?

— Беҳунарон бедушмананд. Ҳеҷ кас ба дарахти бемева санг намеандозад…

— Меваи шумо чист?

— Саволи душвор. Инро аз фарзандонам ва мухлисонам пурсед.

— Бисёриҳо дар бораи зоҳир ва ботини Шумо ҳарф мезананд. Кадоме аз ин ду бароятон муҳим аст?

— Зоҳире, ки Оинаи ботин бошад.

— Шумо дар диёре ба дунё омадед, ки заминаш сахт, сангаш сахт, зиндагиаш сахт аст…

— Замини сахти кӯҳистон дили нармам ато кардаст…

— Бисёриҳо ба Шумо ҳасад мебаранд. Шумо ба кӣ ҳасад мебаред?

— Ман ба ҳасад хӯрдан вақт надорам. Умр кӯтоҳ, вақт танг, корҳои зиёде ҳастанд, ки бояд ба анҷом расонам…

— Мегӯянд, ки Хуҷанд ба Шумо сахт писанд омадааст…

— Медонед, дар Хуҷанд ба ман чӣ писанд аст? Аз кӯча, ки гузар кардӣ, аз хурд то калон даст пеши бар мегиранду «ассалому алайкум» мегӯянд. 

— Ба хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» чӣ гуфтан мехоҳед?

— Ассалому алайкум — сулҳ мехоҳам ба шумо, ҳамватанони азиз!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *