Ҷӯрабек Муродов: Дӯстам полковник Ёқубов даргузашт…
Тавре дар як навиштаи худ Ҳунарпешаи халқии СССР Ҷӯрабеки Мурод хабар додааст, боҷааш Мирраҳмат Ёқубов, полковники корҳои дохилӣ аз олам гузаштааст.
Ҷӯрабеки Мурод бо изори таслият ба пайвандони Ёқубов
мегӯяд:
Хабари марги боҷаи азизам Мирраҳмат Ёқубовро, ки барои ман ҳам дӯст ва ҳам бародар буданд шунида, хеле андӯҳгин шудам. Солхои зиёд бо ин шахсияти наҷиб ва бароям азиз, ҳамнишину ҳамсӯҳбат будам ва дар ҳама маврид муносибат ва меҳрубонии ӯ хеле самимона буд. Мирраҳмат Ёқубов умри босамари худро бахри ҳимояи хуқуқи шаҳрвандон ва ҳифзи ватани азиз бахшида, то ба дараҷаи полковники корҳои дохили расид. Дар давоми фаъолияти кори ва зиндагии худ бо меҳнатдӯстию ҳалолкори, ободкори ва дигар амалҳои шоёнаш байни мардуми Исфараи бостонӣ обрӯю эътибори баланд пайдо карда, мавзеҳои ноободро ба гулистон табдил дод ва аз худ номи нек гузошт. Ёди бародари азизам ба хайр манзили охираташон обод ва руҳаш шод бошад! Бо истифода аз фурсат ба аҳли оила ва хешу пайвандони бародарам Мирраҳмат Ёқубов ҳамдардии амиқ изҳор мекунам ва барояшон аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил хоҳонам!
Ҳунарманди Халқии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷӯрабек Муродов
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ