Ҷӯрабек Набиев: Қаблан барои сар суруд мехонданд, ҳоло барои пой
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев яке аз ҳофизони номвари “Шашмақом” ва устоди шуҳратёри мусиқии суннатии тоҷик мебошад. Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд ба зиёрати эшон мушарраф шудем ва суҳбате оростем, ки фишурдаи он манзури шумо мешавад.
Худро фидои шунаванда мекунам, агар…
— Устоди азиз, имрӯзҳо ба чӣ корҳо машғулед?
— Ташаккур, ки ёди мо кардед. Гарчанде синну солам ба ҷое расидааст, вале завқу шавқи эҷоди суруд ва сароидан дар қалби ман хомӯш нашудааст. Дилам мехоҳад, ки шунавандаҳои хуб бошанд, хуб гӯш кунанд, дарди маро фаҳманд. Барои чунин шунаванда худамро фидо мекунам.
— Шумо сурудҳои классикӣ ва шеърҳои баланд иҷро мекунед. Дар замони мо нафароне, ки шеъру мусиқии асилро дарк кунанд, хеле кам ҳастанд, ки шумо ба ин ишора кардед. Сабаб чист?
— Дар ҳамаи давраҳо нафароне, ки фаҳми паст доштанд, буданд, вале мутаассифона, солҳои охир зиёд шудаанд. Банда суруде дорам — “Гарчи ту ёд зи боғам накунӣ”, ки 60 сол қабл эҷод карда будам ва онро ҷавонон имрӯз ҳам месароянд. Ба наздикӣ нафаре ба ман мегӯяд, ки як сурудатон ҳаст ку, “ғам накунӣ”. Бубинед, ба маънои як чизи одӣ намеравад. Вале инҳо муҳим нест. Хушбахтона, дар ҷомеаи мо ҳастанд нафароне, ки шеъри асилро дарк мекунанд, мусиқии нағзро мешиносанд. Банда ба шогирдҳо ҳамеша насиҳат мекунам, ки суханҳои баланд хонед, барои баланд бардоштани маънавиёти мардум хизмат кунед. Мо ҳунармандон ҳам муаллим ҳастем, дарс медиҳем, фақат аз саҳна, фарқамон ҳамин, ки имтиҳон намегирем.
— Шумо сурудҳоеро, ки солҳои охир сарояндагони ҷавон месароянд ва маъруфият пайдо мекунанд, гӯш мекунед?
— Бале. Вале мутаассифона, мусиқии арзишманд хеле кам. Ман тамоми умр, то ҳоло мусиқӣ гӯш мекунам ва меомӯзам. Ҳозир ҷавонҳо гӯш намекунанд. Мусиқии Ғарбу Шарқро камтар дигар карда мехонанд. Дар як суҳбат вақте дар бораи вазъи кунунии санъат аз банда пурсиданд, гуфтам, ки дар давраҳои мо суруд барои сар хонда мешуд, ҳозир барои пой хонда мешавад. Пой ба рақс дарояд шуд, мағз озод. Барои фикр кардан, андешидан дигар мардум на ҳавсала доранд, на иштиёқ ва на эҳтиёҷ.
— Шумо фаъолияти эҷодиатонро 60 сол қабл сар карда будед. Мардум он вақт чӣ навъи сурудҳоро гӯш мекарданд?
— Аз давраҳои донишҷӯӣ ба фаъолияти ҳунарӣ сар карда, тӯй мерафтагӣ шудам. Имрӯзҳо, бо гузашти солҳо, ба одамони ҳамон давра қоил мешавам. Он солҳо микрафон набуд, ҳама бо иштиёқ суруд гӯш мекарданд. Мардум аз рӯйи коғаз мехонданд, бесавод буданд, кам одамон маълумоти синфи 10 доштанд, вале ишқ ба шеъри баланд доштанд, мефаҳмиданд. Ман ҳайрон мешавам. Дар атрофи мо шеърҳои Машраб машҳур буд. Вақте дар маъракаҳо ғазалҳои Машрабро месароидем, ба шӯр меомаданд. Чунки он давра дар ҳар маҳалла маҳфилҳои “Машрабхонӣ”, “Шоҳномахонӣ” ва миёни занҳо “Марсияхонӣ” буд. Дирӯз як ҷавон кондитсионери хонаи маро таъмир кард. Мегӯяд, ки дар оши наҳор ҳар қадар, ки ҳофизонро гӯш кардааст, ҳеҷ чиз нафаҳмидааст. Наход то ҳамин дараҷа бошад, ки аз шеъри тоҷикӣ чизе нафаҳмад.
— Шумо ҳанӯз ҳам тӯйгардӣ мекунед?
— Кам-кам ба маъракаҳои қадрдонҳо меравам.
Рӯ ба шеъри форсӣ
— Шумо аслан ӯзбекзабон ҳастед, лекин шеъри форсӣ-тоҷикиро ин қадар нозук дарк мекунед ва аз ҳама муҳим, дуруст ва муассир мехонед. Ин қобилият дар шумо аз куҷост?
— Ман аз ҷавонӣ ба ҳунари сарояндагӣ майл доштам. Китоб кам буд. Баъд аз он ки донишҷӯ шудам, ҳар рӯз ба мағозаи китоб даромада, китобҳои нағз бошад, мегирфитам. Вале бештар сурудҳоро аз радио шунида, суханашро навишта мегирифтем. Бояд бигӯям, ки ман дар мактаби миёна ва олӣ бо забонӣ ӯзбекӣ таҳсил кардаам. Вақте дар театр ба кор даромадам, сурудҳои ӯзбекӣ месароидам. Касе маро маҷбур накардааст, ки тоҷикӣ сароям. Худам фикр кардам, ки вақте ватани ман Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бояд ба тоҷикӣ низ суруд бихонам. Замони таҳсилам дар курси 4 аз газетаи “Педагоги ҷавон” шеъре ба назарам афтод:
Орзу дорам туро як дам бубинам, дилбаро,
Бо ту як дам дар чаманзоре бишинам дилбаро.
Ба ҳамон оҳанг баста сароидам. Баъдан шеърҳои Абдумалик Баҳориро, ки барои ман фаҳмо буданд, ба оҳанг даровардам. Оҳиста-оҳиста ба Ҳилолӣ ва ҳамин тавр, ба Саъдиву Ҳофизу Мавлоно гузаштам. То ҳол банда дар ҷустуҷӯ ҳастам, калимае нафаҳмам, аз “Фарҳанги забони тоҷикӣ” мебинам.
6 сол дар Ӯзбекистон
— Шумо миёни ӯзбекзабонон ва дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳам шуҳрат доред. Солҳои охир ба ҳамсоякишвар даъват мешавед?
— Банда аз соли 1973 дар муҳити Ӯзбекистон ном баровардам. Ҳамон сол 4-рӯза бо аҳли театр ба сафари ҳунарӣ рафтем. Ҳунарнамоии маро дида, ба телевизиони Тошканд даъват карданд ва 40 дақиқа сурудҳоямро сабт карданд. Ҳамон ҷо ман 5-6 суруди тоҷикӣ, як покистонӣ, як афғонӣ ва се ӯзбекӣ хондам. Баъди ду ҳафта боз ҳамон барномаро такрор нишон доданд. Ҳамин тавр, дар Ӯзбекистон шинохта шудам. Банда дар ҳамаи шаҳру навоҳии Ӯзбекистон бо барномаи ҳунарӣ будам ва дар маъракаҳои мардум хизмат кардаам. Солҳои охир ҳам зиёд даъват мекунанд, вале бештар рад мекунам. Аммо телевизионҳои Ӯзбекистон пайваста барои банда барномаҳо ташкил мекунанд.
— Шумо дар замони истиқлол як муддат ба Ӯзбекистон кӯчидед. Сабаб чӣ буд?
— Бале. Баъди ба нафақа баромаданам маро ба Консерваторияи Тошканд даъват карданд. Дар он ҷо 6 сол кор кардам. Ҳоло дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дарс мегӯям.
Ҳикмати шукр кардан
— Устод, шумо кӯдакии душворро пушти сар кардаед. Падаратон дар ҷанг мефавтанд ва модар танҳо шуморо ба воя мерасонанд. Имрӯз, аз ин қуллаи умр кӯдакиатонро чӣ тавр ба ёд меоред?
— Зиёд фикр мекунам ва бештар модарамро ба ёд меорам. Худораҳматӣ модарам тамоми умрашро ба ман бахшид. Тамоми умеди модар ман будам. Зеро дар ин дунё мо ду нафар танҳои танҳо будем, дигар касе надоштем. Шукр мекунам, ки модарам рӯзҳои нағзи маро ҳам шоҳид шуд. Дар барномаҳои консертӣ ва шабҳои эҷодиам ширкат кард. Унвонҳои давлатӣ ва “Диски тиллоӣ” гирифтанамро ҳам дид. Дар шаби 25-солагии фаъолияти эҷодиам вақте суруди “Туйӣ модар”-и Лоиқ Шералиро сароидам, касе модарамро ба саҳна баровард. Ба модарам гул додаму ӯ маро ба оғӯш гирифт ва ҳар ду гиристем. Имрӯз фикр мекунам, ки чӣ қадар сари модарам ҳамон рӯзҳо ба осмон расида бошад, ки муваффақияти фарзанди ягонаашро дид…
— Имрӯзҳо фарзанди шумо низ роҳи шуморо идома медиҳад.
— Бале. Ман аз ҳунари фарзандам қонеъ ҳастам. Овози хуб дорад. Танбурнавози нағз аст. Ҳоло дар бисёр маъракаҳо якҷоя баромад мекунем.
— Устод, аз сарнавишти хеш розӣ ҳастед?
— Бале. Ман аз ҳаёт хеле миннатдорам. Ҳар чизе орзу мекардам, Худованд зиёдашро дод. Ман шону шуҳрат ва сарвату давлати зиёдро бардошта наметавонам, қувват надорам. Ҳамин ки мардум дар кӯча ҳолпурсӣ ва эҳтиром мекунанд, барои ман кифоя. «Нафаҳот-ул-унс» ном китоби Абдураҳмони Ҷомиро, ки бо хоҳиши Алишер Навоӣ таълиф шудааст, хондам. Ин китоб аз рӯзгори шайхҳо қиссаҳои ҷолиб мекунад. Дар ин китоб ҳикояте ҳаст. Иброҳими Адҳам меҳмони шайх Шақиқ ибни Иброн мешавад. Баъди ҳолпурсӣ Шақиқ савол медиҳад, ки зиндагиатон чӣ тавр аст? Иброҳими Адҳам ҷавоб медиҳад: “Чун ёбем, шукр мекунем, чун наёбем, сабр”. Шақиқ мегӯяд: “Сагони Хуросон низ ҳамин тавр зиндагӣ мекунанд… Мо чун ёбем, эҳзор мекунем, чун наёбем, шукр”. Иброҳими Аъзам аз ҷой хеста ӯро устод мехонад. Воқеан, бо буда шукр кардан осон, бо набуда чӣ мекунед? Акнун тасаввур кунед, ки барои рӯзгори осоишта ва серу пури кунунӣ чӣ қадар бояд шукр кунем?!
Мусоҳиб:
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ